Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФИТРАТИ ЗАРДУЗИ САМАРКАНДИ Саидкамол

ФИТРАТИ ЗАРДУЗИ САМАРКАНДИ Саидкамол

ФИТРАТИ ЗАРДУЗИ САМАРКАНДИ Саидкамол (таваллуд 1657, Самарканд—соли вафот номаълум, Бухоро), шоири точик. Аз табакаи хунармандон. Хонаводаи Фитрати Зардузи Самарканди ба зардузи машгул будавд. Шоир низ ин хунарро ёд гирифта, дар зардузи маъруф шуд. Аз чавони ба шеъргуи шуруъ кард. Баъди хатми мактаб муддате ба худомузаи машгул шуда, сипас барои тахсил ба Бухоро рафт. Шоир дар Бухоро баробари тахсил фаъолияти адабии худро низ равнак дод. У дар Бухоро, бино ба гуфтаи муаллифи «Убайдуллохнома» Мир Мухаммадамини Бухорои, «ба рафтуомад ба дарбори подшоху хонаи умаро камтар саъй менамуд ва бо рузии андак, ки тавассути хунари зардузии худ ба даст меовард, каноат мекард».
Осори Фитрати Зардузи Самарканди пурра боки намондааст. Девони ашъораш холо дар даст нест, вале газалхояш дар баёзхо махфузанд. Маснавии «Толибу Матлуб»-и у то ба мо расидааст. Шоир дар тамоми жанру шаклхои маъмули назми замонаш кувва озмуда бошад хам, газал дар эчодиёти у мавкей асоси дорад. Малехои Самарканди дар «Муздкир-ул-асхоб» ду хусусити барчастаи газалиёти
шоирро кайд кардааст, ки яке нозуки ва дитаре тозагии онхост. Дар хакикат, газалхояш мазмунан дакик ва нозук буда, дар онхо шоир пайваста ба эчоди образхои шоирона кушидааст. У ба равияи сабки хинди истиорахои нозуку латиф офаридааст. Чунончи:
Шухи аз чашми ту гохе ки рамидам гирад,
Аз сари хар мижаат ноз чакидан гирад.
Кард чазби нигахам шишаи дилро зи ту пур,
Кист чун ман, ки паризод ба дидан гирад.
Ин чи шухист, ки гар сурати чашми ту кашам,
Варак аз сояи наззора рамидан гирад.
Фитрати Зардузи Самарканди дар таърихи адабиётя точик бештар бо достони «Толибу Матлуб» («Козурписар») маком пайдо кардааст. Ин кисса аз дилангезтарин киссахои ишкии адабиёти классикии точик буда, бо тозагни сюжет, гояи оли ва бадеияти баланди худ дар достонсарои макоми хоса дорад. Фитрати Зардузи Самарканди сюжети ин киссаро аз эчодиёти халк гирифтааст. Достон дар худуди 850 баит бу, да, дар он ишки нокоми Толиб (козурписар) ва Матлуб (шохдухтар) тасвир шудааст. Дар достон мехнати пурифтихори хунарманди ва шаъну шухрати хунармандон тараннум ва ишку мухаббати поки инсони васф шудааст.
Адабиёт: Гулшани адаб, чилди 4, Душанбе 1977.
С. Саъдиев.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.