Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФИРУЗ БАХРОМ Бобоевич

ФИРУЗ БАХРОМ Бобоевич

ФИРУЗ БАХРОМ Бобоевич (таваллуд 1. 11. 1939, ррёни Нуратои вилояти Самарканд), нависандаи советии точик. Аз оилаи муаллим. Баъди хатми Институти давлатии педагогии шахри Ленинобод дар хамин институт муаллими кафедраи адабиёти точик буд. Солхои 1964—68, 72 —78 дар Комитети дадлатии РСС Точикистон оид ба телевизион ва’радиошунайони кор кард. Мудири шуъбаи журнали «Садои Шарк» (1969), мудири редаксияи адабиёти бачагону наврасони нашриёти «Маориф» (1978— 80), мудири шуъбаи адабиёти бадеии газетаи «Маданияти Точикистон» (1980) буд. Аз соли 1981 мухаррири нашриёти «Маориф». Фаъолияти адабиаш соли 1960 бо шеър огоз шуда, бо номи «Розхои махтобшаб» (1967) ва «Силсила» (1973) ду мачмуаи ашъораш ба табъ расид. Дар шеърхояш ба масъалахои ахлоки ичтимои, симои маънавии инсон ахамият додааст. Соли 1972 ба наср гузашт. Масъалаи асосии насраш ташаккули шахсияти чавонон ва омилхои ичтимоии он мебошад (мачмуахои «Иди ситора», 1976; «Ганч дар вайрона», 1977; повести «Рухсора», 1978; китоби повесту хикояхои «Ту танхо не», 1980; мачмуаи хикоёти «Хакикати талх», 1981).
Баъзе шеъру хикояхояш ба забони халкхои бародар — руси, армани, литвони, молдави, узбеки ва гайра, инчувин дар Эрон ва Чехословакия чоп шудааст. Як китоби повесть ва хикояхои у ба забони руси аз чоп баромад («Ты не одинок», Москва,1982). Аз соли 1971 узви Иттифоки Нависандагони СССР.
Осор: Аз арш то фарш. повесть ва хикояхо, Душанбе, 1983; Тафти дил. Шеърхо. Душанбе, 1984. М. Шукуров.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.