Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФИХТЕ Иоганн Готлиб

ФИХТЕ Иоганн Готлиб

ФИХТЕ (Fichte) Иоганн Готлиб (19. 5. 1762, Рамменау—29. 1. 1814, Берлин), файласуф ва ходими чамъияти, намояндаи идеализми классикии немис. Солхои 1794—99 Фихте профессори Университети Йен буд, баъди таргиботи мулхидонааш аз университети мазкур ронда шуд. Дар «Хитобахои расми ба миллати немис», халкро ба тачдиди ахлок ва муттахид шудан даъват намуд. Соли 1800 ба Берлин омад ва 1810 аввалин ректори Университети Берлин таъин шуд. Дар ташаккули афкори фалсафии Фихте ду мархала вучуд дорад. Дар мархалаи аввал (то 1810) мафхуми «Ман»-и мутлак ва дар мархалаи дуюм мафхуми хастии мутлакро тахкик намуда, аа идеализми субъективи ба идеализми объективи гузаштааст.
Мисли Кант Фихте хам фалсафаро пояи асосии тамоми илмхо мешуморид. Ба фикри у, илм хамчун система бояд асоси ягонаи хакики дошта бошад. Дар фалсафа Фихте «чизхо дар худ»-и Кантро рад намудааст.
Мазмуни асосии таълимоти фалсафии Фихте аз фаъолияти ягонаи «худшиноси» ё худ «Ман» иборат аст, ки он, аз як тараф, хастии мутлак ва аз тарафи дигар, ашёи олами беруна е худ «гайри «Ман»- ро дар бар мегирад. Фалсафаи Фихте ба инкишофи идеализми классикии немис аз Шеллинг ва Гегель сар карда то гояхои фалсафию эстетикии романтизми йени таъсири калон расондааст. Шеллингу Гегел идеализми субъективии Фихтеро хаматарафа танкид кардаанд.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.