ФЕРМЕНТХО (аз лотини fermentum — хамиртуруш, хамирмоя), энзимхо, катализаторхои махсуси сафедавиеро гуянд, ки дар хамаи хучайрахои зинда мавчуданд. Ферментхо мубодилаи моддахоро мураттаб ва танзим намуда, дар просессхои фаъолияти хаёти роли мухим мебозанд.
Ферментхо ба 2 гурух таксим мешаванд: яккомпонента, ки факат аз сафеда ва дукомпонента, ки аз сафедаю кисми гайрисафедави иборат аст. Аксар ферментхо дар таркибашон металл (масалан, пароксидазаю каталаза охан, аскорбинятоксидаза мис ва алкоголдегидрогеназа рух) доранд, ки бе онхо нофаъоланд. Таъсири ферментхо ба як катор омилхо, пеш аз хама ба харорат ва реакцияи мухити дохили (РН), вобаста аст. Ферментхо дар харорати 40 —50°С нисбатан фаъоланд. Дар харорти паст суръати реакцияи ферментативи суст шуда, дар харорати наздики 0° катъ мегардад. Хангоми аз 40— 50° баланд шудани харорат низ хамин ходиса руй медихад.
Мувофики тавсияи Иттифоки байналхалкии биохимикхо. Ферментхо ба 6 синф чудо мешаванд: 1) оксидоредуктазахо, 2) трансферазахо, 3) гидролазахо, 4) лиазахо, 5) изомеразахо, 6) лигазахо.
Дар РСС Точикистон ферментхо дар як катор кафедрахои Институти тибби ва Университети Давлатии Точикистон, баъзе институтхои тадкикоти илмии Академияи Фанхои РСС Точикистон ва Вазорати нитахдории тандурусти тадкик мешаванд. Дар кафедраи терапияи факултетии институти тибби бошад, фаъолияти ферментхоро дар зардоб ва эритроситхоя хуни беморони пневмокониоз тадкик мекунанд. Соли 1959 баробари кушода шудани Институти тиббии кишварии Академияи Фанхои РСС Точикистон. (хозира Институти тадкикоти илмии гастроэнтерология) шуъбаи биохимия таъсис ёфта, ба эчоди усулхои муайян намудани фаъолияти Ферментхо машгул гардид. Дар пунктатхои чигари беморон фаъолияти 17 номгуй ферментхо омухта шуданд. Бо фаъолияти энзитмхои зардоби хуни боморон мукоиса намудани натичаи тадкики микрохимиявии ферментхо дар бофтаи чигар имкон дод, ки дар клиника барои ташхиси касалихои чигар тахлили ферментхои махсуси зардоби хун (масалан, гистидинаммиаклиаза, урокинатгидротаза ва аргиназа) тавсия шаванд. Дар Шуъбаи мухофизат ва истифодаи окилонаи сарватхои табиии Академияи Фанхои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Точикистон фаъолияти ферментхо хангоми ба онхо таъсир намудани пестисидхои гуногун тадкик шуд.
Просессхои ферментативи дар нонпази, пивопази, истехсоли спирт, чой, сирко ва гайра ахамияти калон доранд.
Препаратхои ферментхои протеодитиеро, ки аз микроорганизмхо мегиранд, дар чармгари барои равондани муй ва нарм кардани чарм ва препаратхои ферментхои микробии пектоллтиро бошад, хангоми истехсоли шарбат кор мефармоянд. Баъзе ферментхо дар тиб чун воситахои махсуси тахлили биохимияви истифода мешаванд.
И. Мансурова.