ФАУНАИ ТУНДРА, чамеи хайвонотеро гуятд, ки дар тундра зиндаги мекунанд. Хайвоноти тундра камшумор аст, ки ин ба кахратун будани иклими чои сукунат нисбатан чавон будани фауна, мавчудияти эндемикхо (баъзан ба чинсхои мустакил мансубанд) ва бо бахр алока доштани бисёр намудхои чонварон (хирси сафед, баъзе белпойхо) вобаста мебошад. Кисми зиёди хайвоноти мухрадор зимистон тундраро тарк мекунанд; леммингхо бошанд, дар зери барф зимистон мегузаронанд.
Ба фаунаи тундра леммингхои мукаррари ва сумдор, заргуш, кокум, росу, рубох, гург, хирси сафед ва малла, говмеш, гавазни шимоли, мохихуракхо, казаркахои пешонисафед ва сиёх, кози сафед, чугзи сафед, боз, кабки сафед ва тундраги, чур, камудхои гуногуни мохи, хашарот ва гайра мансубанд.