Маълумоти охирин
Главная / Биология / ФАУНАИ БАХР

ФАУНАИ БАХР

ФАУНАИ БАХР, чамен ханвонотеро гуянд, ки дар бахру укёнусхо зиндаги мекунанд. Ба фаунаи бахр кариб 160 хазор намуди хайвонот мансуб аст: соддатаринхо (фораминиферахо, радиолярияхо, камчинакдорхо ва инфузорияхо; кариб 10 хазор), исфанчхо (кариб 5000), рудаковокхо (кариб 9000), кирмхон гуногун (зиёда аз 7000), нитфпойхою мшаникхо (зиёда аз 4000), нармбаданхо (зиёда аз 80000), харчангшаклон (зиёда аз 20000), сузанпустон (6000), пардагихо (кариб 1000), мохихо (кариб 16000) ва ширхурхою хазандагон (кариб 150).

f-bahr

Хама типхои олами хайвонот дар бахр ба вучуд омадаанд. Баъдтар баъзе намояндагони онхо барои дар хушки ва обхои ширин зиндаги кардан мутобик гашта, ба пайдоиши фаунаи ин чойхо ибтидо гузоштанд. Як катор чонварони мухрадор (масалан, белпойхо, сангпушти оби) дубора ба хаёти оби гузашта бошанд хам, бо хушки алока дошта, дар он чо афзоиш мекунанд. Вобаста ба зиёд шудани чукурии бахр фаунаи бахр кам мешавад.
Фаунаи бахр барои инсон ахамияти калони хочаги дорад. Соли 1970 дар чахон 60 млн т фаунаи бахр (зиёда аз 53 млн т мохи, 3 млн т нармбаданхо, 1,5 млн т харчангшаклхо) шикор шуд.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …