Маълумоти охирин
Главная / Илм / ФАТАЛИЗМ

ФАТАЛИЗМ

ФАТАЛИЗМ (аз лотини fatalis — сарнавишт, такдир), чахонбиниест, ки падидахои табиат ва ходисоти чамъиятро ба такдир ва сарнавишт вобаста намуда, хама гуна тасодуф ва озодиро дар чараёни фаъолияти инсон рад мекунад. Аввал фатализм дар тасаввуроти асотири пайдо шуда, инсонро мутеи ходисоти табиат ва куввахои фавкуттабии медонист. Баъди ташаккули динхои расмии чахони фатализми теологи ба вучуд омад, ки он хастии олами вокеиро ба иродаи илохи вобаста менамуд. Масалан, мувофики таълимоти дини ислом тагйироти табиату чамъият бо хости худо ба амал омада, фаъолияти инсон ба такдири у вобаста аст. Аз ин ру, ба диндорон илко карда мешавад, ки сарнавишти онхоро худо мукаррар кардааст ва онхо берун аз хости худо пой нихода наметавонанд. Махз аз хамин сабаб К. Маркс гуфта буд, ки «фатализм мехвари дини ислом аст» (Маркс К. и Энгелс Фатализм, Сочинение, том 9, стр. 427).
Фатализмро чабария тарафдори мекард. Кадария бошад, озодии иродаро таргиб намуда инсонро дар фаъолияташ озод мешуморид. Марксизм мохияти синфии фатализмро нишон дода, зимни просесси конунии инкишофи чамъият ва дарки конуниятхои объективии он решахои таърихии чахонбинии фаталистиро бархам медихад.
Д. Xушкадамов.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …