Маълумоти охирин

ФАСОХАТ

ФАСОХАТ (араби — равонии сухан, хушгуи), дар илми бадеъ аз заъфи таълиф фориг будани каломро гуянд. Фасохат асосан ба таркиби лафз, яъне ба шакл дахл дорад ва аз ин чо дар мукобили маънии бадеъ лафзи фасехро хам ба кор бурдаанд. Адабиётшиносони асримиёнагии форс-точик дар тафсири Фасохат ба ихтилоф рох додаанд. Баъзехо фасохатро илми бадеъ пиндошта, тамоми санъатхои бадеиро хамчун чузъи он шарх бастаанд, дигарон онро истилохи илми маони шуморидаанд. Гуянда бо санъати фасохат ба суханаш рангубор ва тароват медихад. Равонию нафосати суханро фасохати калом ва кобилияти каломи фасех доштанро фасохати мутакаллим гуфтаанд.
X. Шарифов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …