ФАСЕХИИ ХОФИ , Фасех Ахмад ибни Чалолуддин Мухаммад ибни Яхе (таваллуд 1375— соли вафот номаълум), шоир ва муаррихи форс- точик.
Фасехии Xофи ба забонхои форси-точики ва араби шеър гуфтааст. Абёти парокандаи у дар тазкирахо ва дар асари таърихиаш «Мучмали Фасехи» (таълифаш 1446/47) дарч гардидаанд.
«Мучмали Фасехи» таърихномаест иборат аз мукаддима, ду макола ва хотима. Дар мукаддима таърихи олам аз давраи хилкати Одам то замони Мухаммад, инчунин таърихи чахор хонадони Эрони Кадим — Пешдодиён, Каёниён, Ашкониён — Мулукуттавоиф, Сосониён баён шудааст. Дар маколаи аввал аз валодати пайгамбар то хичрати у ба Мадина сухан меравад. Маколаи сони муфассалтарин кисми китоб буда, вакоеи аз ибтидои санаи хичри то 845 (мутобики 1441/42 мелоди) руйдодаро дар бар мегирад. Ин асар ба забони содда ва равон навишта шудааст
Инчунин кобед
САГИР
САГИР, нигаред, Сугур.