ФАРК, дарахти фарк (Асег Turkestanikum), як навъ дарахти худруест (аз оилаи фаркихо). Дар шароити табиии Помиру Олой то 15 (баъзан 20) м кад мекашад. Дарахти сершоху сербарг аст. Пустлохи танааш сиёхтоб, шоххои наврасаш хокистарранг ва хеле базебанд.
Навдахои харсолааш сурхтобанд. Баргаш калон, 5 ё 7-парра. Фарк дар шароити табиии Точикистон азтухм ва бо рохи нашви (дар натичаи реша гирифтани навдахои бехаш, инчунин аз бехчаст) зиёд мешавад. Аввалхои бахор тухми фарк саросар неш мезанад. Дар 100 м2 беш аз 500 навнихоли фаркро дидан мумкин аст (охири май), вале июл 40—45% ва охирхои давраи нашв (вегетасил) аксари онхо нобуд мешаванд. Сабаби нобуд шудани навнихолхои фарк асосан хавои хушку гарм ва харорати баланди сатхи хок аст. Китъахои фаркзори табии (хар яке 50— 100 га, баъзан 200—300 га) факат дар Помиру Олой ва Тиёншон чойгир шудаанд. Фаркзор нишебии кухро аз обшуй шудан нигох медорад, инчунин барои хочагии халк ахамияти калон дорад.
Адабиён: Запрягаева В. И., Лесныс ресурсы Памиро-Алая, Л., 1976.
А. Ашуров.
Инчунин кобед
САФЕДАХО
САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …