ФАХРИЯ (аз араби — нозиш, болидан аз чизе), як чузъи касидаи мадхиро гуянд. Шоир маъмулан баъди мадх дар ситоиши шеър ва макоми шоириаш чанд байт меорад.
Фахрия хаккони ва анъанави мешавад. Дар Фахрияи хаккони шоир, ба таври муболига бошад хам, ба эчодиёташ бахо дода, аз баландии шеъри худ меболад.
Дар Фахрияи анъанави шоир мекушад, ки худро аз хамкаламон боло гирад, хусну кубхи шеъри дигаронро нишон дихад ва ба ин восита махорату истеъдодашро васф намояд.
У. Тоиров.