ЭЪЧОЗ (аз ар. — очизи, нотавони), як навъ ходисаи фавкуттабиеро гуянд, ки аз руи таъбири дини бо дахолати кувваи беруни сурат мепазирад, бар хилофи каромот хоси факат анбиё дониста мешавад. Ахли тасаввуф бар он акида буданд, ки кобилияти хорикулодаи авлиё бояд аз одамон махфи дошта шавад. Инро чихатхои фарккунандаи каромот аз Э. медонистанд. Унсурхои таълимоти Э. дар динхои пешини политеисти ба назар мерасанд. Мас., санъати тасвир Э.-и Мони дониста мешуд. Дар динхои монотеисти, аз чумла ислом, Э. ба пайгамбар нисбат дода шудааст. Бархе аз илохиётшиносони ислом танхо Э.-и анбиёи тоисломиро эътироф кардаанд. Рочеъ ба Э.-и Исо (хони барои Масех ва Марьям аз осмон нозилшуда, эхьёи мурдагон), Мусо (яди байзо, асои муъчизанок), Мухаммад (исроъ ва меъроч, танзили оёти Куръон) киссаву ривоёти гуногун мавчуданд, ки аз тахайюлоти мавхум иборат буда, ягон асоси илми надоранд.
Ифодаи маъни бо тарсу услуб ва воситахои олии тасвири бадеи низ Э. номида мешавад.
С. Махмадуллоев.