Маълумоти охирин
Главная / Биология / ЭТОЛОГИЯ

ЭТОЛОГИЯ

etology

ЭТОЛОГИЯ (аз юн. 6thos — одат, феъл, ху, хислат ва …логиля), илми биологиест, ки рафтори хайвонотро дар шароити табии меомузад. Э. асосан ба тахлили компонентхои ирсию гайриирсии рафтор ва проблемахои тахаввулоти он машггл аст. Истилохи Э.-ро с. 1859 зоологи франсави И. Жоффруа Сент-Илер ба биология дохил кардааст. Дар пешрафти Э. сахми Ч. Дарвин калон аст. Э. чун сохаи мустакили илм с-хои 30 а. 20 ба вучуд омадааст; он асосан дар заминаи зоологияи сахрои ва таълимоти эволюциони пайдо шуда, бо физиология, экология, генетикаи популяциони, генетикаи рафтор ва психологияи тачрибави алокаи мустахкам дорад. Асосгузорони Э. К. Лоренц (Австрия) ва Н. Тинберген (Нидерландня) мебошанд. Алхол дар СССР якчанд марказхои илми (Ин-ти морфологияи эволюциони ва экологии хайвонот, Ун-ти Москва, Ун-ти Ленинград ва як катор мамнунгоххо) ба тадкикоти этологи машгуланд. Фаъолияти Э.-ро Комитети байналхалкии этологи координация мекунад. Дар хорича як катор журналхои этологи нашр мешаванд. Дар СССР маколахои этологи дар «Зоологический журнал», «Бюллетень Московского общества испытателей природы», ж-и «Экология» ва г. дарч мегарданд.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …