ЭТЕ (Ethe) Херман (13. 2. 4844, Стралсунди Гормания —1915, Англия), шаркшиноси немис. Шуъбаи забоншиносии Ун-тхои Грейсвальд ва Лойпцитро хатм кардааст. С. 1865 ба унвони докторе ноил гашт. Баъдтар ба Мюнхен кучида, дар ончо ба омузиши забонхои форсию арабе ва турки машгул шуд. С-хои 1875— 1915 дар Ун-ти Аберистуит (Англия) аз забонхои шарки дарс медод. Бо Э. Браун дусти дошт. Маколахои зиёди Э. «Фирдавий — сарояндаи ишк» (1872—73), «Рудаки-шоири ахди Сомониён» (1873), «Гузаштагон ва муосирони Рудаки»(1875), «Ибни Сино — лирик» (1875) ва г. дар журналхои илмии Германия ва Англия ба табъ расидаанд. Мухимтарин тадкикоти Э. «Таърихи адабиёти форси аст, ки дар «Grundriss der ira-nischen Philologie» («Асосхои филологияи эрони», 1896—1904) ба табъ расида, яке аз аввалин тадкикот оид ба таърихи адабиёти форс-точик дар Европа ба шумор меравад. Э. с. 1889 фехристи нусхахои хаттии форси, турки, хинди ва пуштуии китобхонаи Бодлеанро такмил дода, фехристи дастнавнсхои форсии китобхонаи Индиа-Офисро сохтааст. 9., инчунин маснавни «Шох ва Дарвеш»-и Хилолиро ба забони немиси тарчума карда, достони «Юсуф ва Зулайхо»-и мансуб ба Фирдавси ва мунозирахои Асадии Тусиро бо шарху тавзехот ба чоп расондааст.
- Муллоахмадов.