ЭСПЕРАНТО, яке аз машхуртарин забонхои сунъи, воситаи ёрирасони робитахои байналхалкист. С. 1887 духтури поляк, Людвиг Заменгоф (тахалл. Esperanto — умедвор) тартиб додааст. Дар Э. ба решаи калимахои забонхои европои якчанд аффикс илова намуда, калимахои нав сохта мешавад. Чун диг. забонхо Э. хиссахои нутк, префиксу суффиксхо ва г. дорад. Алифбои Э. дар асоси графикаи липши бо истифодаи баъзе аломатхои диакритики сохта шудааст. Дар Э. 6 садонок ва 22 хамсадо мавчуд аст. Калимахо мувофики навишташон хонда мешаванд. Зада дар хичои дуюм (аз охир) меафтад. Таркиби лугави, коидахову имлоии забон дар холати такомуланд.
Ба Э. мачаллахо, асархои илми, асархои бадеи, карору хуччатхои КПСС ва г. ба табъ мерасанд. Баъзе асархои Вергилий, У. Шекспир, И. В. Гёте, А. С. Пушкин, В. В. Маяковский ва диг. ба Э. тарчуиа шудаанд.
Ш. Бобомуродов.