ЭРОНШИНОСИ мачмуи фанхоест, ки таърих, иктисодиёт, забону адабиёт, санъат, илму фалсафа, афкори ичтимоию сиёси, дину оин, урфу одат ва умуман маданияти моддию маънавии халкхои эронинажодро меомузад. Э. хамчун илм дар а. 19 ташаккул ёфтааст.
Ба пайдоиши он инкишофи муносибатхои тичоратию дипломатии давлатхои Европаи Гарби бо Эрон, Осиёи Миёна ва Хиндустон мусоидат намуд. Нахустнн асархои Э. сафарномахои сайёхони европои (а-хои 13—14) ба шумор мераван д. Дар а-хои 17—18 тарчумаи осори адибони классики форс-точик таърихномахо, таълифи грамматикаи забоин форси, лугатномахо барои ташаккули Э. замина гузоштанд. Чамъоварии дастхатхои шарки дар Лейден, Париж, Оксфорд ба инкишофи филологияи эрони мусоидат карданд. Шаркшиноси франсави Ж. Мол матни пурраи «Шохнома»-и Фирдавси (1838—78) ва тарчумаи франсавии он (1876—78), олими австрияги Хаммер-Пургштал тарчумаи пурраи девони Хофиз (ба забони немиси) ва «Антологияи назми форси»-ро ба табъ расонданд. Дар ин замина «Девони гарбию шарки»-и Гёте ва тарчумаи озоди рубоиёти Умари Хайём (Э. Фицдеральд) ба миён омаданд. Хамчунин нашри тарчумаи франсавии Авесто (1771, А. Анкетиль-Дюперрон), мутолиаи матни осори хати мехи (Г. Ф. Гротефенд, Г. Роулинсов), чопи намунахои осори бадеии халкхои эронинажод ва тарчумаи онхо ба забонхои европои Э.-ро инкишоф доданд. Дар тарчумаи таддиди адабиёти форс-точик хидмати мутарчимону мунаккидони Англия, Франция, Австрияю Венгрия, Германия хеле калон аст. Пурзур шудани сиёсати мустамликадории давлатхои Европаи Гарби низ Э.-ро ривоч дод. Махсусан, омузиши забонхои эрони, таърихи нав, этнография, нумизматика, палеография, авч гирифт, фехристи дастнависхои форси китобхонахои гуногуни олам (Ч. Рьё, Э. Блоше, X. Эте, В. Перч) нашр шуд. Донишмандони немис X. Бартоломе, X. Эте, П. Хорн, Т. Нёлдоке, И. Маркварт; венгер И. Гольдциер; англис Э. Браун, Э. Вест, Р. Николсон; италияви Д. Пицци; франсави К. Дармстетер, К. Бурбье де Мейпар; чех В. Томашек дар тадкики пахлухои гуногуни таъриху маданияти халкхои эронинажод сахми калон гузоштаанд. Дар дохили Э. шохахои нав — забоншиноси, таърихи адабиёт, таърихи маданияти кадим, таърихи нав, археология ва таърихи санъат ба вучуд омаданд. Натичаи Э. дар ох. а. 19— ибт. а. 20 дар «Асосхои филологияи эрони» (Страссбург, 1895—1904), бисьёр маколахои «Энциклопедияи ислом» (ч. 1—4, Лейден — Лондон 1913—34) ва г. чамъбаст гардидаанд.
Э.-и Гарб дар а. 20. ба масъалахои ичтимоию сиёси бештар таваччух намуд. Як гурух олимони Европаю Америка ба тадкики маданияти кадими Эрон машгул шуданд. Дар тадкики маданияти асрхои миёна ва нашри сарчашмахо донишмандони франсави А. Массе; бельгияги X. Корбен; англис Л. Локкарт, А. Арберри, А. К. Лэмбтон; немис X. Риттер, В. Хинк; данияги А. Кристенсен, И. П. Асмусен; америкои Р. Фрай, хиссагузори карданд. Олими англис Ч. А. Стори фехристи нисбатан мукаммали сарчашмахои таърихию адабиро чоп намуд. Имруз хам дар мамлакатхои Гарб масъалахои гуногуни Э. омухта мешаванд.
Э. дар Эрон ва диг. кишвархои Машрикзамин харчониба ривои ёфтааст. Нахустин корхо оид ба Э. дар Эрон ба калами маорифпарварон Абдурахим Толибов, Окохони Кирмони, Малкумхон тааллук доранд. Давраи нави Э. дар ибт. а. 20 шуруъ шуд. Мухаккикони эрони масъалахои гуногуни Э.-ро, аз кабили омузиши осори адабиву мадании кадим (Пури Довуд, Пирниё, Бахроми Фаралаши), забон, таърих ва адабиёт (Мухаммади Казвини, Такизода, Нафиси, Бадеуззамони Фурузонфар, Насруллохи Фалсафи, Мухтабо Минави, Алиасгари Хинкмат, Косим Гани, Парвиз Нотили Хонлари, Забехуллохи Сафо, Зайнулобидини Муътаман ва диг.) таърихи илму фалсафа (Саидхусейни Наср, Парвизи Мураввич, Сухайли Афнон, Хусайни Хадиви Чам, Косими Гани), матншиноси ва сарчашмашиноси, тартиб додани фехристхо, таълифи лугатномахо ва танзими фархангхо, таърихи забон ва сабкшиноси мавриди тадкику барраси карор додаанд. Баъзе олимони эрони адабиёти муосири эронро меомузанд. Дар Хиндустон олимони порси бо омузиши Авесто ва осори адабиёти пахлави машгуланд. Эроншиносони Хиндустон М. Сиддики, С. Хусейн, Хочи Хасан, Шиблии Нуъмони доир ба таърихи адабиёти форсу-точик асархо эчод кардаанд. Як зумра осори адабиву бадеи дар матбаахои Хинд чоп шудааст.
Дар Покистон махсусан Ун-ти Лохур бештар тадкик ва нашри таърихномаю тазкнрахои адабиёти форс-точик ба рох монда шудааст. Эроншиносони Туркия дар масъалахои таърихи адабиёт, нашри осори илмию интикодии осори бадеи ва г. хисса гузоштаанд.
Дар муассисахои илми ва мактабхои олии Афгонистон масъалахои таърих ва забону адабиёти асрхои миёна ва г. тадкик мешаванд.
Э. дар Россия нимаи авв. а. 19 ташаккул ёфт. Доир ба таъриху маданияти Эрон ва сарчашмахои чудогонаи таърихиву адаби тадкикотхои бисьёр ба вучуд омаданд. Тадкикоти В. В. Бартольд, А. Е. Крымский, К. А. Иностранцев, В. Р. Розен масъалахои гуногуни таъриху маданиятро пайваста бо сохахои дигари хаёти ичтимоиву сиёси дарбар гирифтанд. чихатхои гуногуни забон ва адабиёти халкхои эрони низ мавриди барраси карор гирифтанд.
Э. пас аз Рев. Октябрь дар асоси методологияи марксистию ленини равнаки тоза пайдо кард. Дар Москва, Ленинград ва республикахои иттифоки марказхои нави Э. пайдо шуданд. Эроншиносони совети доир ба таърихи даврахои кадим (асархои В. В. Струве, И. М. ва М. М. Дьяконов, М. А. Дандамаев, В. Г. Луконин); таърихи асрхои миёна (тадкикоти Б. Гафуров, А. Ю. Якубовский, Б. Н. Заходер, И. П. Петрушевский, А. А. Семёнов, Н. В. Пигулевская); таърихи замони нав (асархои М.С. Иванов, С. А. Агаев, 3. 3. Абдуллоев) комёбихои барчаста ба даст оварданд. Филологияи Эрон ба сохаи мустакили илми Э. табдил ёфт. Доир ба масъалахои забоншиноси А. А. Фреиман, М. С. Андреев, И. И. Зарубин, Б. В. Миллер, Г. С. Ахвледиани, В. И. Абаев, М. Н. Боголюбов, В. С. Расторгуева, В. А. Лившиц, И. М. Оранский, Л. С. Пейсиков; адабиётшиносон С. Айни, Е. Э. Бертельс, И. С. Брагинский, А. Н. Болдырев, А. Мирзоев, Д. С. Комиссаров, М. Н. Усмонов, А. А. Гвахария, Ш. Шомухаммадов тадкикот анчом додаанд.
Э. дар кишвархои хоричии социалисти, махсусан дар Чехословакия (Ян Рибка, О. Клима, И. Бечка, В. Кубичкова), РДГ (X. Юнкер, В. Зундерман, М. Лоренц), Венгрия (И. Хармата, Ж. Телегди), Польша (С. Махальский) низ ривоч дорад.
Доир ба масъалахои Э. чамъомадхои гуногуни илмии байналхалки густариш меёбанд. Аз соли 1931 ин чониб оид ба санъат ва архитектураи Эрон конгресси байналмилали барпо мегардад; с. 1967 дар Душанбе конгресси байналхалки оид ба масъалаи Кушониён, Симпозиумт байналхалкии шеъри форси, с. 1969 дар Самарканд симпозиум оид ба санъати замони Темур, с. 1966 дар Техрон ва с. 1971 дар Рим конгресси эроншиносон баргузор шуданд.
Масъалахои Э. илова бар Ин-ти шаркшиносии АФ СССР, ки маркази координационии Э. дар мамлакат мебошад, дар шуъбаю ин-тхои АФ ва ун-тхои республикахои иттифоки мавриди омузиш карор дорад.
Доир ба масъалахои Э. дар ж-хои «Народы Азии и Африки», «Азия и Африка сегодня» ва г. маколахо ба табъ мерасанд.
Точикистон яке аз марказхои Э. дар СССР мебошад. С. Айни ба Э.-и илмии советии точик асос гузоштааст («Намунаи адабиёти точик», 1926). Тадкикоти маъруфи Б. Гафуров, А. Мирзоев, Б. Искандеров, Ш. Хусейнзода, X. Мирзозода, 3. Рачабов, Н. Маъсуми, А. Мухтиров макоми Э.-и точикро баланд бардоштанд. Донишмандони точик дар тадкнки забон (А. Л. Хромов, М. Косимова, А. Обидов), фалсафа (А. Баховаддинов, М. Осими, М. Рачабов, А. Турсунов, М. Диноршоев), таърихи асрхои миёна ва нави Эрону Афгонистин (Д. Назаров, К. Асадуллоев, Д. Саидмуродов, А. Темурхонов, С. Шохуморов), адабиёти асрхои миёна ва наву навтарин (А. Афсахзод, Ф. Начмонов), фольклор (С. Норматов, Д. Обидов), дар тахия ва тартиб додани лугатхо ва нашри осори лексикографи (М. Фозилов, В. А. Капранов, Д. Рауфов, А. Нуров. Рахим Хошим ва диг.) сахм гузоштаанд. Дар Точикистон масъалахои Э. дар дар Ин-тхои шаркшиноси, забон ва адабиёт, таърих, Шуъбаи фалсафаи АФ ва фак-тхои шаркшиноси, филологияи точик ва таърихи УДТ тадкик мешаванд.
Ад.: Бартольд В.. История изучения Востока в Европе и России, Л., 1925; Оранский И. М„ Введение в иранскую филологию, М., I960; Очерки по истории изучения иранских языков, М., 1962; Брагинский И. С., Из истории иранистики, дар мачм.: Иран. М., 1971;
М.Мулоахмадов