Маълумоти охирин

ЭРМИТАЖ

ermitazh

ЭРМИТАЖ дар Ленинград (аз Франс, ennitage — хилватгох), яке аз музейхои калоптарини бадеи ва мадани-таърихии чахон. С. 1764 бо коллекцияи махсуси Екатерина» II, ки иборат аз 225 мусаввара буд, бунёд шуда, с. 1852 тамошои он ба омма муяссар гардид. Дар Э. коллекцияи ёдгорихо» таърихии даврахои ибтидои, Шарки Кадим, Мисри Кадим, маданияти атака ва асрхои миёна, санъати Европаи Гapби ва Шарки, археология ва ёдгорихои бадеии Осиё, ёдгорихои маданияти а-хои 8—19-и рус ва г. гирдовари гардиданд. Бинои Э.— Касри зимистони, Э.-и Хурд (1764—67, меъмор Ж. Б. Валлен-Деламот), Э.-и Кухна (1771—87, меъмор Ю. М. Фельтен), Э.-и Нав (1889—52, меъмор Л. фон Клапце), Театри эрмитаж (1783—87, меъмор Ч- Кваренг) —барчастатарин ансамбли меъмориро дар бар мегирад. Э. бо ордени Ленин мукофотонида шудааст (1965).

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …