ЭПОПЕЯ (юн. epopiia — аз еров — сухан, хикоят ва poied — эчод мекунам), шакли мураккабу мухташами асархои эпикиро гуянд, ки мазмуни умумихалки дошта, масъалахои мухимми ичтимои ва миллию таърихиро дар бар мегирад. Э. дар давраи атика (Юнони Кадим) ва асрхои миёна бештар дар шакли силсилаи афсонаю ривоятхои таърихию асотири («Илиада» ва «Одиссея»-и Гомер, «Махабхарата» ва «Рамаяна», «Шохнома»-и Фирдавси, «Мазхакаи илохи»-и Данте ва г.) ба вучуд омада буд. Дар Э.-и даврахои наву навтарин вокеахои мураккабу серахамият тасвир ёфта, масъалахои мухимми таърихи ва умумиинсони ба миён гузошта мешаванд. Характеру такдири персонажхо дар Э. дар зиддият ва задухурдхои шадиди синфию ичтимои шакл мегиранд. Тасвири доманадори вокеахо, сюжети мураккаб, зиддиятхои чиддии хаёти, бисьёр будани персонажхо ва рангорангии услуб аз хусусиятхои барчастаи Э. ба шумор мераванд. «Мазхакаи инсони»-и Бальзак, «Чанг ва сулх»-и Л. Толстой, «Зиндагии Клан Самгиг»-и М. Горький, «Саргардонии пуразоб»-и А. Толстой, «Дони ором»-и M Шолохов, «Гуломон»-и Садриддин Айни Э. мебошанд.
С. Таборов.