ЭПИГРАММА (аз юн. epfgramma — навиштачот, катиба), шеъри начандон калонест, ки дар он ягон кас мавриди хачву масхара карор мегирад. Аввал дар Юнони Кадим катибаи назмию насриро Э. мегуфтанд. Баъд Катулла ва Марчиал ба Э. оханги хачву мазхака додаанд. Э. дар а. 18 дар эчодиёти Вольтер, Ж. Ж. Руссо, Г. Э. Лессинг ва диг. нашъунамо ёфт. Э. дар адабиёти рус низ анъанаи кадими дорад. Э. дар назми советии точик ох. с-хои 50 пайдо шуда, авв. с-хои 60 мавкеъ пайдо кард. Э. яке аз жанрхои мушкилтарини хачви буда, дар шаклхои масал, рубои, дубайтихои халки ва суруду таронахо гуфта мешавад. Дар он киноя ва истиораю мачоз мавкеи махсус дорад. Э. аз ду хисса иборат аст: хиссаи аввал портрети шахс ва хиссаи дуюм хачви уро дар бар мегирад. Мас.:
Тор печида ба мизи шоири чун анкабуд.
Менишинад бо гуруре, даст бар болои даст,
У чи сон охир нафахрад, то ба холо шоир аст,
Бист сол арчи мукаддам шеъраке бинвишта буд.
(Гулназар).
Э. дар тавзеху тафсир ва зернавишти хар гуна расму карикатурахои хачви низ истифода мегардад.
А. Мавлонов.