ЭФИРИ чахони, мухити фарзиеро номанд, ки ба акидаи табиатшиносони асрхои гузашта гуё воситаи аз чое ба чое пахн гаштани рушнои ва умуман таъсироти мутакобили электромагнити будааст. «Асоси» акидаи табиатшиносони пешина дар бораи Э. ин буд: «Садо дар мухити чандир пахн мешавад. Мисли хамин, барои пахн гардидани рушнои низ бояд мухити багоят чандир (эфир) мавчуд бошад. Ва азбаски рушнои дар вакуум хам пахн шуда метавонад, пас вакуум хам пури Э. аст».
Хамин тарик, Э., аз як тараф, чун мухити багоят чандир тасаввур мешуду (зеро хар кадаре ки мухит чандиртар бошад, суръати рафти мавчхо дар он хамон кадар зиёдтар буда метавонад), аз тарафи дигар, кисмхои дар он харакаткунанда (мас., сайёрахо)-ро тамоман монеъ намегашт. Аммо ин акида ба баъзе хулосахои тачрибавии ох. а. 19 мухолифат пайдо кард. Мас, илоче ёфт нашуд, ки арзияти мавчхои рушнои (барои ин Э. бояд хусусиятхои чисми мутлак сахтро сохиб бошад) ва хосияти бемукобилати Э.-ро созиш дихад. Назарияи нисбият мафхуми «Э.» ва хосиятхои рушнои-наклкунандагии онро аз миён бадоштанд, теша бар решаи акидае зад, ки гуё мафхумхои «ором» ва «равон» мутлак бошанд: ин назария собит кард, ки мафхумхои «орому» «равон» нисбиянд ва характери он хо танхо ба интихоби системаи сархисоб вобаста мебошад.
С. Кодири.