Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Давраи Ордовик

Давраи Ордовик

Ордовик, давраи (систе­маи) ордовик, давраи дуюми эраи палеозой баъд аз кембрий. Бо усули радиологи муайян шудааст, ки Ордовик 500 миллион сол мукаддам огоз ёфта, 60 миллион сол давом кардааст. Тахнишастхои ин давра бошанд, си­стемаи Ордовикро ташкил медиханд. Сис­темам Ордовикро соли 1879 геологи англис Ч. Лапуорс дар Уэлс мукаррар намуд.

Номи Ордовик аз номи кабилаи кадими ордовикхои Англия бармеояд. Соли 1960 сессияи 21-уми Конгресси байналхалкии геологхо О.рдовикро хамчун давраи мустакил эътироф кард. Am­mo то ин вакт Ордовик замони аввали давраи силур хисоб карда мешуд. Дав­раи Ордовикро ба замонхои аввал, миёна, охир ва системаи онро ба кисмхои поён, миёна ва боло таксим меку­нанд.

Баробари саршавии давраи Ордовик китъахои калони хушкикои руи За­мни (Европаи Гарбй, атрофи бахри Бал­тика, Урал, Казокистону Осиёи Ми­ёна, кисми зиёди Сибир, Осиёи Чануби Шарки, нимаи шаркии Австра­лия, кариб тамоми Америкин Шимоли, кисман Америкаи Чануби ва Африка) фуру нишаста, зери оби бахр монданд. Дар миёнахои давраи Ордовик трансгрессияи бахрхо ба авчи аълои худ расид. Дар охирхои дав­раи Ордовик аз зухур ёфтани фазаи пурзури чиндоршавии каледонй масохати бахрхо хеле махдуд гардида, китъахои калону нави хушки пайдо шуданд.

Бахрхои давраи Ордовикро ба 2 тип чудо мекунанд: платформаг и — тахшинхояшон асосан карбо­нати ва геосинклинали — тах- шинхояшон бештар терригени (регу шагал, лойка ва гайра) ва вулкони (махсули оташфишонихои зериоби). Охирхои давра як катор нохияхо — Аппалачи, Уэлс, Сибири Гарбию Шарки, Казокистон ба марказхои калони вулконизм табдил ёфтанд.

Аз олами хайвоноти давраи Ордовик беш­тар хайвонхои бемухраи бахри (брахиоподахо, трилобитхо, нарбаданони сарпо, граптолитхо, сузанпустон) инкишоф ёфта буданд. Дар охирхои давра мшанкаю марчонхои бахри ва аввалин хайвонхои хушкигард — каждуму хазорпойхо пайдо шуданд. Флораи Ордовик асосан аз бактерияхои гуногун, Обсабзхо ва псилофитхо иборат буд.

Аз тахнишасту чинсхои интрузивии давраи Ордовик конхои нефт, вараксангхои сузанда, фосфорит, маъданхои охан, манган, тилло ва дигар металлхо ёфт шуданд.

Дар территорияи Точикистон тахнишастхои системаи Ордовик бештар дар нохияхои кисми шимоли, маркази ва чануби шаркии республика дучор меоянд, ки дар ин чойхо чинсхои эраи пале­озой фаровонанд.

Кариб дар хамаи ин нохияхо тахнишастхои системаи Ордовик аз кабатхои регсакгу вараксангхои гили ва филлитхо, ки баъзан кабатхои тунуки охаксангу мармар низ доранд, таркиб ёфтаанд. Гафсии табакаи тахвишастхо ба якчанд сад метр мерасад. Аз бокимондаи хайвонхои бахри ва таркиби литологии тахнишастхо маълум мешавад, ки хануз дар давраи Ордовик дар территорияи Точикистони имруза хавзахои калони бахрхои на чандон чукур вучуд доштанд.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.