Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Дараи РОМИТ

Дараи РОМИТ

РОМИТ, дара, як кисми водии дарёи Кофарнихон, ки аз андароби дарёхои Сардаи Миёна ва Сорбо то аз кухсор баромадани дарё (аз Шимолу Шарк ба Чанубу Гарб) ба масофаи кариб 20 км тул кашидааст. Дараро аз рост нишебихои чанубии каторкухи Хисор (баландиашон то 4200 м), аз чап каторкухи Каротегин (аз 2000 то 3000 м) ихота кардаанд. Релефи дара кухи, кисми миёнааш бештар миёнакухист. Тобистони Ромит гарм, зимистонаш хунуки муътадил. Харорати миёнаи январи—2. аз хама хунуктаринаш то —25, —35°С июл 20—24°С, гармтаринаш то 40°С. Боришоти солона 1000—1200 мм (асосан октябр— май). Дар сою дарахо ва кад-кади дарёи Кофарнихон дарахтони чинор, чормагз, туг, заранг, олуча, бед, сафедор ва буттахои гуногун меруянд. Дар суфахои дарё ва конусхои селовард богхои мева (зардолу, себ, нок, олуболу, тут ва токхои ангур) бунёд гардидаанд. Нишебихои атрофро да¬рахту буттахои фарк, бодом, наста¬ран, олуча, бушол ва гайра фаро гириф¬таанд.

romit
Олами хайвоноти дара низ гуногун аст. Аз хайвонот хирс, гуроз, гург, рубох, кашкалдок, чайра, аз паррандахо кабк, кабутар, заргулдор ва гайра вомохуранд. Дар дарёи Кофарнихон ва шохобхои он ширмохи гулмохи, подуст ва лаккамоди мавчуданд. Дара бо мавзараи дилфиреб, боду хавои форам, офтоби нурфишон ва оби фаровони худ ба исти- родатгоди мехнаткашони Точикистон табдил ёфтааст. Дар ин чо як катор лагерхои пионери, хонахои истирохат, санатория ва табобатгоххо вокеъ гаштаанд. Дара саросар маскун аст. Аз ин чо маршрутхои туристи, наклиёти автомобили, аз он чумла автобусхои пассажирии Орчоникидзеобод — Ромит мегузаранд (ниг. низ Ромит, мамнуъгох).
Г. Т. Сидоренко, Ю. С. Усков.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …