Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Чумхурии Ямани Араб

Чумхурии Ямани Араб

ЯМАН, Республикаи Ямани Араб, РЯА (Ал-Чумхурия ал-Арабия ал-Ямания давлатест дар кисми дан. Гарби ним-чаз. Арабистон. Аз гарб бо б. Сурх ихота аст. Мл сох. 195 хаз. км2. Ахолиаш 9,3 млн наф. (1986), асосан арабхо. Забони давлати — араби. Дини хукмрон — ислом. Пойтахташ Саню. Сардори давлат — президент. Органи олии конунбарор—Мачлиси муассисони халки. Кариб аз се ду кисми мамлакатро кухсори Чабал (баландиаш то 3600 м, к. Ан Наби-Шаиб) ишгол кардааст. Кад-кади сохилхои б. Сурх пастии Тихома (бараш 56—00 км) тул кашидааст. Дар шарк пахнкухи начандон баланд вокест. Иклимаш тропикпи хушк. Дар нишебии куххо буттазархо (буттахои акокиё, мимоза, савр ва г.) мавчуданд.

flag_of_north_yemen

Дар натичаи революцияи зидди мутлакият сент. 1902 Республлкаи Ямани Араб эълон шуд. Хамон сол сохти гуломдори бекор, заминхои хонадони шох ва тарафдорони фаъоли хокимияти мутлаки мусодира карда шуданд. Я. аз с. 1928 бо СССР алокаи дипломати дорад. 1964 байни СССР ва РЯА шартнома дар бораи дусти баста шуд. Сохахои асосии хочаги — дехкони ва чорводори. Зироатхои асосии х. к.: кахва, хурмо, ангур ва диг. мевахо, кат (гиёхи нашъадор), пахта, тамоку, хино, чав, зироатхои лубиёги. Дар нохияхои шарки чорводории бодиянишини (гусфанд, буз, зебу, уштур, хар ва г.) таркки кардааст. Аз бахр мохи, марворид мегиранд. Намаки ош, сангхои резакори, маъдани охан истихроч мекунанд. Матоъбофи, заргари, кулоли, яроксози касбхои анъанавианд. Тули роххои автомобилгард беш аз 7 хаз. км (1984). Ба хорича кахва, кат, пуст, намаки ош, мавиз мефурушад. Шарикони асосии тичоратиаш: РХДЯ, Арабистони Сауди, Япония, СССР, РФГ. Вохиди пул — риали РЯА.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …