Маълумоти охирин

ЧАНГКОБУЗ

ЧАНГКОБУЗ, чангкавуз, лачанг, сози мусикии филизии камонакшакли забончадорест, ки аз кадимулайём бо номхои гуногун дар байни бисёр халкхои чахон машхур аст. Хангоми навохтан онро байни лабон гузошта бо дасти чап аз думчааш медоранд ва бо ангушти дасти рост забончаи онро ба ларзиш меоваранд. Барои ба вучуд овардани оханг чараёни нафасро ба харакоти забон (аз паси чанг) тагйир медиханд. Дарозии Чангкобуз тахминан 8—12 см мешавад. Дар Точикистон Чанкобузро асосан занхо менавозанд. Бинобар ин онро баъзан «чанги занона» хам мегуянд. Чанкобуз якчанд шаклу намуд дорад. Бо вучуди аз филизоти гуногун: охан, биринчи, мис ва нукра сохта шудан чихати овозиаш фарк намекунад. Чангкобуз сози мусикии халкхои Сибир, Шарки Дур, Осиёи Миёна ва Осиёи Чанубу Шарки, Океания, Европа, Осиёи Маркази, Африка ва г. низ ба шумор меравад. Дар а. 19 дар як катор мамлакатхои Европа Чангкобуз хамчун сози мусикии концерти истифода мешуд. Холо хамчун сози якканавози ва ансамбли маъмул аст.

И. Рахимов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …