Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Биёбони КИЗИЛКУМ

Биёбони КИЗИЛКУМ

КИЗИЛКУМ (биёбони Кизилкум), биёбони регзорест дар байни д-хои Аму ва Сир, дар худуди РСС Каз., РСС Узб. ва кисман РСС Туркм. Биёбонро аз шим. Кapб б. Арал ва аз шарк шохахои к-хои Тиёншон ва Помиру Олой ихота кардаанд. Масох. кариб 300 хаз. км2. Рельефаш хамвор, баландиаш аз 53 м то 300 м. Дар К. як катор пастхамихо ва бокимондаи куххои кадима — Букантов (764 м), Кулкудтов (785 м), Томдитов (922 м) ва г.хастан. Куххо асосан аз вараксанг, роговик, охаксанг ва гранит иборатанд. Сатхи аксари куххо хамвор, нишебихояшон шахдоранд. Кисми зиёди К.-ро регзору регтеппахо (баландиашон то 75 м) ишгол кардаанд. Дар шим. гарби иёбон такирзминхо бисьёанд.

kizilkum

Иклии К. нихоят континентист, харор. миёнан июль аз 26 то 29С, янв. аз 0 то —9*С. Боришоти солона 100—200 мм. Дар тамоми биёбон ягон дарьё нест, вале обхои ширини артезпани фаровонанд. Дар регзорхо геша, саксавули сафед, чанд намуди кандим, черкез, дар теппахои гили отбор ва харгуна буттахо, дар шим. гарби К. бургунзору шуразорхо ва кад-кади водихои хушк бешахои саксавули сиёх меруянд. Хайвонхои хоси ин чо: нахчир, гизол, гург, рубох, заргуш, гурбаи дашти, юрмон, муши регзор ва г.

Асоси хочагии К.-ро дар баробари истихрочи сарватхои зери замини (тилло, мармар, графит, фируза, гази сузанда ва г.) парвариши гусфандони махинпашм ва карокули ташкил медихад. Дар кисмхои маркази ва гарбии биёбон хавзахои калони артезпапи ёфт шудаанд. Ба туфайли корхои зиёди обёрии биёбон дар К. бисьёр вохахои хурд буньёд ёфта, ба маркази хочагихои чорводори табдил гаштаанд.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …