Маълумоти охирин

БОЪ

БОЪ, кулоч, вохиди кадимии дарози, фосилаи байни ду дасти кушодаи марди миёнакомат аз нуки ангуштони ми­ёна. Дар маъхазхои форси ба шакли «боз», «боза», «бож» ва «вишмор» («вишмори шохи», «вишмори шопури») низ омадааст. Дар китобхои фикхи Боъ чун вохиди масофа аст (1 фарсах = 3 мил; 1 мил = 1000 Боъ).

То ислом арабхо Боъро баробари 4 зироъ ё 8 вачаб ё 96 ангушт ба кор мебурданд. Хар вачаб баробари 12 ангушт, хар ангушт баробари 1,925 см буд ва дар натича Боъ бароба­ри 184,8 сантиметр мешавад. Дар Мисри асримиёнаги Боъ чун ченаки расмии дарози баробари 4 зироъ истифода шуда, дар асоси «зирои шаръи» (49,875 сантиметр) ё «зирои барид» (49,875 сантиметр) ба 184,8 сантиметр, «зирои наччори» (77,5 сантиметр) ба 310 сантиметр, «зи­рои шохи» (66,199 сантиметр) ба 264,8 сантиметр баробар  буд. Арабхо барои андозагирии дакик ченаки баробари Боъ – «кома»-ро ис­тифода мекарданд (1 кома = 2 кадам = 4 зироъ). Дар Эрони бостон Боъро «ораши бузург» ё «шохораш» меномиданд. Ченакхои ба Боъ мушобех «фатом»-и англиси (182,88 сантиметр), «туаз»-и фаронсави (194,9 сантиметр), «оргия»-и юнони (185,1 сантиметр) ва «маховая сажень»-и руси (177,8 сантиметр) мебошанд.

М. Халов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.