Маълумоти охирин
Главная / Илм / БОЪИС

БОЪИС

nomi-khudoБОЪИС, ал-Боъис (барангезанда ва зиндасозанда), яке аз номхои накуи Худованд. Вожаи Боъис аз решаи баъс ба маънои барангехтан, равона намудан ва эхё кардан гирифта шуда, муштаккоти гуногуни он дар Куръон ба хамон маънои васеи лугавиаш 70 бор ба кор рафтааст, ки биъсат (барангехтан)-и пайгамбарон, зинда гардонидани баъд аз миронидан (баъси баъдалмавт), эхёи табиат пас аз давраи карахти, гумоштан ба коре ва гайраро дар бар мегирад. Тамоми ин маони дар зимни номи Боъиси Худованд шомил хастанд, вале аслан як маъно барангехтани мурдагон аз кабрхояшон дар рузи киёмат дар корбурдхои истилохи бар маънохои дигари он голиб гардида, такрибан ба он ихтисос ёфтааст ва ахёнан ба маънои биъсати пайгамбарон низ ба кор рафтааст: (22:7;6:36; 58:6;64:7).

Боъис вакте ба маънои барангезанда (зиндасозанда) ба кор равад, бо номхои Мухйи, Муъид ва Чомеъи Худованд мутародиф мебошад. Ин вожа дар Куръони карим бо муштаккоти феъли омадааст ва дар суннати набави дар хадиси асмоуллох «Сунан»-и Тирмизи (3507), «Сунан»-и Иб­ни Моча (3861), «Мустадрак»-и Хоким ва «Фатхулбори»-и Ибни Хачари Аскалони (14/468, 469) ба шакли исми фоил зикр шудааст.

А. Бокизода.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …