Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / БОТТИЧЕЛЛИ Сандро

БОТТИЧЕЛЛИ Сандро

botticheli-sandroБОТТИЧЕЛЛИ Сандро (аслан Алессандро Филиппепи) (1444, Флоренсия-1510, хамон чо), рассоми итолиёии даврони Эхё. Дарси махоратро аз рассоми машхур Филипо Липпи омухтааст. Бештар ба манзаранигори ва порт­рет таваччух дошт, харчанд доманаи эчодаш нихоят фарох аст. Аз асотир ва адабиёти атика бо махорати баланд истифода бурдааст. Мусавварахояш бо банду баст ва мувозинати худ бинандаро мафтун месозанд, дар онхо аз рамз, кинояю истиора устодона кор гирифта шудааст. Масалан, дар мусаввараи «Таваллуди Нохид» чехраи илохаи зебои – назокату латофати зан ба тамом кушода шуда, дар бинанда эхсоси эхтирому самимиятро бедор месозад. Симои зан дар мусавварахои «Фаромушшуда», «Магнификат». «Кентавр ва Паллада» оли тасвир ёфтааст. Боттичелли барои асари машхури Данте «Мазхакаи илохи» зиёда аз 80 расми чолиб офаридааст, ки аз хар чихат нотакроранд ва то ба хол дар нашри ин китоб ба забонхои гуногуни дунё истифода мешаванд. «Тухмат», «Таърихи Виргиния», «Марги Лукретсия», «Сахнае аз зиндаги», «Ибодат», «Таслиб», «Мавлуди Исо», «Бахор», «Парастиши сохир», «Юдиф ва Олоферн», «Суботкори» ва дигар мусавварахояш хамчун куллаи баланди санъати Аврупо эътироф шуда, дар бузургтарин нигористонхои Аврупо ва Амрико махфузанд.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …