Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / БОТСВАНА

БОТСВАНА

botsvanaБОТСВАНА (Botswana), Чумхурии Ботсвана, дав­лат дар Африкои Чануби. Бо Чумхурии Африкои Чануби (ЧАЧ), Намибия, Замбия ва Зимбабве хамсархад буда, рохи бахри надорад. Масохати он 600,4 хазор км2. Ахоли­аш 2,1 млн нафар (2012). Пойтахташ шахри Габороне. Ба 9 округ (дистрикт) ва 5 шахри мунисипали: Габороне, Франсистаун, Селеби-Пхикве, Лобатсе ва Чванен таксим шудааст. Иди миллиаш Рузи истиклол – 30 сентябр (аз 1966). Асъори милли – пула.

Сохти давлати. Ботсвана – чумхурии парламенти дар хайати Иттиходи Британия. Тибки конститутсияи соли 1966 кабулгашта хокимияти конунбарор-парламенти дупалатаги дар хайати Ассамблеяи (Мачлиси) милли ва Пала­таи пешвоён мебошад. Ассамблеяи милли аз 64 намоянда иборат аст, ки 57 нафарашон дар раъйпурсии умумихалки ба мухлати 5 сол интихоб гардида, 4 нафари дигар аз та­рафи Президент таъйин мешаванд. Дар хайати парламент, хамчунин Президент, прокурори генерали ва сарвазир до­хил мешаванд. Палатаи пешвоён аз 15 узв иборат буда, макоми машваратии парламент ба хисоб меравад. Макоми олии конунбарор – хукумат. Сардори давлат ва хукумат – Президент, ки аз тарафи Ассамблеяи милли ба мухлати 5 сол интихоб мешавад ва хукуки як бор аз нав интихоб шудан дорад. Хокимияти суди аз Суди оли ва Суди шикояти (апеллятсиони) иборат аст. Ботсвана узви зиёда аз 30 созмони байналмилали, аз чумла СММ, Иттиходи Африко, Созмони рушди Африкои Чануби мебошад.

Табиат. Ботсвана масохати зиёди пастхамии Калахари ва пуштакуххои атрофи онро ишгол кардааст. Релqефаш хамвор, кисми шарки – сертеппа. Баландии миёнааш аз сатхи бахр 800 – 1200 метр, нуктаи баландтаринаш кухи Содило (1370 м). Иклимаш дар чануб субтропики ва хунук, дар шимол – тропики. Харорати миёнаи январ 21-27°С, июл 16°С. Боришоти солона – 500-600 мм (дар Калахари камтар аз 250 мм). Дар кисми бештари худуди Ботсвана дарёи доими мавчуд нест. Дар шимоли гарб дарёи Окаванго (дарозиаш 1600 километр) ба кули Окаванго мерезад ва дуртар аз он кули шури Макгадикгади мавчуд аст. Дарёхо асосан ба хавзаи Лим­попо тааллук доранд. Хокаш серсанги биёбони, дар Ш. хоки регдор ва шуразамин ба назар мерасад. Набототаш дашти ва даштию биёбони буда, дар он бештар буттаву нимбуттахо, дарахтони акокиё, баобаб ва гайра меруянд. Дар резишгохи дарёи Окаванго рустанихои тропики зиёданд, инчунин 60 намуди рустанихои эндемики (тарбузи худруй, сабр) вомехуранд. Олами хайвоноти Ботсвана гуногун аст; фил, шер, паланг, шагол, гизол, кафтор, аблак, заррофа. Калтакалос ва морхо (морхои печон, айнакдор ва гайра) хеле бисёранд. Худудхои хифзшавандаи Ботсвана 4 боги милли, 60 парваришгох (мамнуъгох) мебошанд. Хатархои табиии Ботсвана – хушкихои мавсими, шамоли сергарду губор, ки дар мохи август аз тарафи биёбони Калахари мевазад. Масоили экологии Ботсвана: чарондани зиёди чорво, биёбоншави, норасоии оби ошомидани. Аз сарватхои зеризамини маъдани манган, асбест, маъдани мису никел, конхои алмос ва ангиштсанг мавчуданд. Ботсвана бо захи­раи калони алмос (155 миллион кирот) дар чахон чойи дуюмро ишгол мекунад.

Ахоли. Аксарияти ахолии (94%) Ботсванаро халкхои бантузабон ташкил медиханд. Бузургтарини онхо тсвана (79%) мебошад, ки ба хашт кабила чудо мешавад. 2 дарсади ахоли аврупоихо мебошанд. Забони расмии давлати – англиси ва сетсванаги. Кариб 40 дарсади ахоли пайрави мазхабу динхои анъанавии милли, 60 дарсад насрониён (асосан протестантхо) мебошанд. Шахрхои бузургтаринаш: Габороне, Франсистаун, Молепололе, Селеби-Пхикве.

Таърих. Ахолии махаллии мамлакат бушменхо ва готтентотхо буданд. Дар асри 17 онхоро бантухои аз шимол омада танг намуда, ба биёбони Калахари ронданд. Дар охири асри 18 иттиходи кавии кабилахои сетсвана ба вучуд омад, ки онхо ба мукобили халкхои дигар мечангиданд. Хусусан дар асри 19 ба мукобили кабилахои зулу (аз авлоди холландихои Африкои Чануби) задухурди шадид ба амал омад. Соли 1885 пешвоёни кабилаи месвана аз тарси зери зулми бурхо мондан хукмронии Британияи Кабирро эътироф карданд ва Британияи Кабир заминхои шимолии бечуанхо бо номи Бечуаналендро протекторати худ эълон кард. Муборизаи ахолии махалли бар зидди хукмронии мустамликадорони англис дар солхои 1933 ва 1948 авч гирифт. Солхои 1961-65 харакати озодихохии мамлакат ба мархалаи нав дохил шуд; аввалин хизбхои сиёси ташкил ёфта, истиклолиятро талаб мекар­данд. Соли 1966 Бечуаналенд Чумхурии мустакили Ботсвана эъ­лон шуд ва пешвои Хизби демократии Ботсвана – Серетсе Кхама дар раъйпурсии аввалини умумихалки голиб омада, Президенти нахустин интихоб гардид. Баробари эътибор пайдо намудани конститутсияи мамлакат Мачлиси конунбарор вазифаи Мачлиси миллиро ба душ ги­рифт. Солхои 1970-80 худуди Ботсванаро ташкилотхои озодибахши давлатхои Родезия, Намибия ва Чумхурии Афри­кои Чануби (ЧАЧ) ба сифати панохгохи мухочирони сиёси истифода мебурданд. Хукумати Ботсвана барпо намудани чамъияти сернажоди демократи ва мустахкам кардани дусти бо давлатхои мустакили Африкоро максади сиёсати дохили ва берунии худ эълон кардааст; вай сиёсати аппартеидро махкум мекунад. Нохияхои сархаддии Ботсвана ва хатто пойтахти он чандин бор дучори хамлаи сипохиёни Африкои Чануби гаштаанд. Тахдидхои дохили дар Ботсвана танхо дар соли 1994 баъди бархам хурдани низоми апартеид дар ЧАЧ ба поин расид. Ботсвана ягона давлатест, ки то имруз сохибистиклолии тибки Конститутсия мукарраргаштаро нигох медорад. Сиёсати дохилии муназзам Ботсванаро аз як давлати кафомондаи кашшок ба давлати демократи ва аз чихати иктисоди тараккикарда табдил дод.

Иктисодиёт. То ба даст овардани истиклол Ботсвана ба хайати 20 давлати кашшоктарини олам дохил мешуд, вале ба зуди дар солхои 70 асри 20 хачми ММД дар як сол то 24% (яке аз баландтарин нишондихандахо дар чахон) ра­сид. Дар охири соли 1990 Ботсвана ягона давлати африкои буд, ки Бонки чахони онро аз катори давлатхои камбагал берун эълом дошта, дар зинаи «давлати даромаднокиаш аз дарачаи миёна баландтар» чой дод. Сохаи асосии иктисодиёти Ботсвана саноати истихрочи маъдан буда, дар Африко аз чихати фуруши ашёи хоми маъдани (мннерали) чойи сеюмро ишгол мекунад. Дар Ботсвана саноати истихрочи алмос бартари дошта (соле 34,2 хазор карат истихроч мешавад), содироти он 90 дарсади хачми ММД-ро ташкил медихад (2010). Ин яке аз омилхои пешрафти иктисодиёти Ботсвана нисбат ба дигар давлатхои Африко гардид. Дар Б Африко асосан ал­мос, инчунин маъдани мису никел, кобалт, ангиштсанг, намаки ош, сода истихроч карда мешавад. Кишоварзи низ яке аз сохахои пешрафта ба хисоб рафта, 80 дарсади он­ро чорводори ташкил медихад. Ботсвана дар Африко аз чихати содироти гушти гов дар чойи аввал меистад. Дар Ботсвана сано­ати нассочи, либосвори, кимиё, истехсоли когаз, пласгмасса, махсулоти охан, семент ва тахтасангхои охану бетони, равгани рустани, орд, мебел, армугон барои сайёхон ба рох монда шудааст. Ду комбинати гушти бузургтарин дорад. Заводи васлкунии автомоби­ли Ботсвана автомашинами Кореяи Чануби ва автобусхои ширкати «Волво»-ро истехсол намуда, ба мамлакатхои Осиёи Чануби ва Австралия содир мекунад. Шарикони тичоратии асосии Ботсвана – мамлакатхои Иттиходи Аврупо, ЧАЧ. Сайёхи низ яке аз сохахои сердаромади Ботсвана буда, даромади солонаи он 250 млн доллари ИМА-ро ташкил медихад; хамасола ба Ботсвана 1,1 млн сайёх меояд. Аз худуди Ботсвана рохи охан мегузарад (888 километр), ки ЧАЧ-ро бо Зимбабве мепайвандад. Дарозии тамоми роххои автомобилгарди Ботсвана 25,2 хазор километр. Ботсвана 86 аэропорт дорад (аэропорти байналмилали дар Габороне).

Тандурусти. Сохаи тандурусти дар Ботсвана суст таракки кардааст; шифохона ва кпиникахо асосан дар шахрхо чойгир буда, ахолии музофот аз тачхизоти тиббии замонави махруманд. Соли 2007-ум 23,9 дарсади ахоли гирифтори СПИД буд. Хар сол аз ин бемори дар Ботсвана 26 хазор нафар мемирад. Дар Ботсвана хамчунин беморихои сироятии варача, сил пахн шудаанд.

Маориф ва илм. Ба сохаи маориф кариб чоряки маблаги бучети давлати масраф мегардад. Баъди истиклол (1966) дар тамоми мамлакат таълими хатмии асоси ба рох монда шуд, ки боиси аз байн рафтани норасоии омузгорон гардид. Низоми таълим аз мактабхои ибтидои (7 соли тахсил) ва миёна (мухлати таълим 5 сол) иборат мебошад. Дар Ботсвана ду коллечи омузгори ва коллечи кишоварзи мавчуд аст. Маьлумоти олиро донишчуён дар Донишгохи Ботсвана мегиранд. Дар назди донишгох ду институти милли оид ба рушд ва тахкикоти санъат амал мекунанд. Дар шахри Габороне Осорхонаи милли ва нигористони бадеи, дар Мочуди осорхонаи мардумшиноси мавчуд аст.

Матбуот, радио, телевизион. Тибки конститутсияи мамлакат дар Ботсвана озодии сухан амал мекунад ва хукумат инро дастгири менамояд. Як матбааи давлати дар назди донишгох ва чандин матбааи хусуси амал мекунанд. 13 номгуи нашрияхои даври мавчуданд. Рузномаи хукумати ба забони сетсвана – «Dikgang Gompieno» ва забони англиси – «Daity News» нашр мешавад. Агентии иттилоотии «Botswana Press Agenty» (ВОРА), пойгохи радиошунавонии давлати, пойгохи телевизиони ва пойгохи радиошунавонии хусусии Ярона-FМ барномахои худро ба забонхои англиси ва сетсвана пахш мекунанд.

Адабиёт: Новая российская энциклопедия. Т. 111 (1). Москва,  2007; Страны мира. Современный справочник. Москва,  2008.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …