Маълумоти охирин
Главная / Илм / БОРОН

БОРОН

boronБОРОН, бориши атмосферие, ки аз абрхо ба намуди катрахои моеъи кутрашон аз 0,5 то 6-7 мм меафтанд. Катрахои кутрашон зиёда аз 6-7 мм хангоми ба Замин афтидан ба катрахои хурд таксим мешаванд. Катрахои чудогонаи Борон дар сатхи моеъ халкахоро ба вучуд оварда, дар сатхи чисмхои хушк пайи тар мемонанд. Шиддати Борон аз 0,25 мм/соат (Борони сим-сим) то 100 мм/соат (Борони сел) шуда метавонад. Тарзи пайдоиши Борон чунин аст: Борон аз абрхои омехта (бештар аз абрхои серкабати борони ва серкабати баланд), ки дар харорати пасттар аз 0°С катрахои сардшуда ва заррахои ях доранд, мерезад. Чандирияти сершавии бухори об дар катрахо нисбат ба заррахои ях (дар харорати яксон) зиёд аст. Аз ин сабаб сершавии абр нисбат ба заррахо (кристаллхо) афзуда, боиси афзоиши кристаллхо ва бухори катрахо мегардад. Кристаллхо калону вазнин шуда, аз абр меафтанд ва катрахои сардшуда ба онхо мечаспанд. Онхо дар кабатхои поини ва тахи абр (харорати 0°С) об шуда, ба катрахои Борон табдил меёбанд. Пас аз Борон офтоб баромада, катрахои Боронро мунаввар мекунад ва дар осмои тиру камон ба вучуд меояд.

Намудхои Борон гуногунанд: Борони сард, Борони ях, Борон бо барф, Борони сим-сим, Борони сим-сими сард, Борони сел, Борони сел бо барф ва гайра.

Борони сард – бориши моеъ ба намуди катрахои кутрашон аз 0,5 то 5 мм, ки дар харорати манфи (0 -10, баъзан то -15°С) ба ашё афтода, ях мебанданд ва дар натича яхча ба вучуд меояд.

Борони ях – бориши сахт, ки дар харорати манфи (0-10, баъзан то -15°С) ба намуди гулулачахои сахти яхи кутрашон 1-3 мм меафтанд. Гулулачахо хангоми ба ашё бархурдан шикаста, оби дохилашон мерезад ва яхча пайдо мешавад.

Борон бо барф – борише, ки ба намуди омехтаи катрахо ва барфакхо дар харорати мусбат меафтанд. Агар чунин Борон дар харорати манфи ба амал ояд, онхо ба ашё часпида ях мебанданд, ки боиси пайдоиши яхча мегарданд.

Борони сим-сим – бориши моеъ (дар харорати мусбат) ба намуди катрахои нихоят хурд (кутрашон <0,5 мм) меборад. Он сатхи хушки чисмхоро баробар ва мунтазам тар намуда, дар сатхи об ё моеъ халкахоро ба вучуд намеоварад.

Борони сим-сими сард – бориши моеъ ба намуди катрахои нихоят хурди (кутрашон <0,5 мм) дар хаво муаллак, ки дар харорати манфии хаво (одатан, 0 – 10 °С, баъзан  то -15°С) афтида, дар сатхи ашё яхчаро ба вучуд меоранд.

Борони сел – бориши кутохмуддат ба намуди Борон (баъзан барфи тар), ки бо шиддати зиёдаш (то 100 мм/соат) фарк мекунад. Ин намуди Борон дар массахои ноустувори хавои хунук ё дар натичаи аз чое ба чое кучидани кисмхои моддаи моеъ ё газ (конвексия) ба вучуд меояд.

Борони сел бо барф – бориши омехтаи дорои хусусияти сел, ки ба намуди омехтаи катра ва барфакхо (одатан, дар харорати мусбат) меафтанд. Дар харорати манфи боридани чунин Борон боиси пайдоиши яхча мегардад.

Борони осмони беабр ва мавчуд будани офтобро гургборон меноманд.

Барои пайдоиши Борон шароити махсуси харорати ва кабати атмосфери зарур аст. Масалан, сайёрахои Замин ва Ти­тан (радифи Зухал) чунин шароитро доранд. Дар кабатхои поёнии атмосфераи ин сайёрахо моддахо ду ё се холати агрегата доранд. Дар Замин об дар се холати агрегата: ях, об, буг мешавад. Дар шароити Титан Боронхои метани ба вучуд меоянд, чунки метан дар холати хам мо­еъ ва хам буг мавчуд аст. Дар Миррих пештар Боронхои оби мебориданд. Дар Зухра Боронхои кислотави меборанд, чун­ки абрхои он асосан аз кислотаи сулфат иборатанд. Боридани Боронхои гуногун дар атмосфераи чирмхои осмони ба кайд гирифта шудааст. Ба Замин инчунин Боронхои кисло­тави ва шихоби низ борида, баъзан Боронхои ачоиб ба амал меоянд, ки дар вакти боридани онхо аз осмон хар гуна ашё, галладона, меваву сабзавот, хашарот, мохи ва хазандахо ва гайра меафтанд. Муддати тулони наборидани Борон бои­си хушксоли шуда, ба кишоварзи зарари калон мерасонад.

Адабиёт: Астапенко П. Д. Вопросы о погоде. Ленинград, 1987.

М. Холов.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …