Маълумоти охирин
Главная / Илм / БОРИШОТи атмосфери

БОРИШОТи атмосфери

boronБОРИШОТи атмосфери, обест дар холати моеъ ё сахт, ки аз абр меборад (борон, барф, жола) ё бевосита дар сатхи замину ашёи руйи он ба туфайли конденсатсияи бухори оби таркиби хаво пайдо мешавад (яхча, кирав, шабнам). Боришотро бо асбобхои махсуси боришсанч бо мм чен мекунанд. Микдори Боришот вобаста ба арзи чугрофиёи, масофа аз укёнус, самти бод ва релйефи махал дар мавзеъхои гуногуни кураи Замин гуногун мешавад.

Дар Точикистон микдори Боришоти солона 456 мм (дар Ду­шанбе – 644 мм, Хучанд – 178, Кургонтеппа – 271, Хоруг – 291 мм) аст. Каторкуххои Хисор пеши чараёни нами хаворо мегиранд. Дар натича микдори солонаи Боришот дар ин води аз 2000 мм зиёд мешавад. Дар чануби Точикистон ва По­мири Шарки микдори солонаи Боришот кам (82-160 мм), дар хавзаи Карокул ва нохияи Мургоб аз ин хам камтар (70- 73 мм) аст. Ин минтакахо нохияхои камбориши чумхури махсуб мегарданд. Дар водихо Боришот моххои март – апрел, дар кухистон моххои зимистон ва бахор мушохида меша­вад. Дар нохияхои баландкух ба вучуд омадани намрезаву яхча ба ходисахои иклими Точикистон хос аст. Ба гайр аз об дар таркиби Боришот заррахои чанг, микроорганизмхо, унсурхои кимиёи низ вомехуранд.

Адабиёт: Хргиан А. X. Физика атмосферы. Ленинград, 1969.

А. Хомидов.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …