Маълумоти охирин

БОРБАД

borbadБОРБАД (такрибан 585-89, Нисо (Нусай), Марв – 628-38, Тайсафун, Марв), сароянда, навозанда, мусикидони эрони, асосгузори мачмуи силсилавии мусикии устодонаи эро­ни ва Шарк. Бо номхои Борбади Марвази, Борбади Ромишгар, Пахлапат, Фахлбад, Фахлбаз (Pahlapat, Fahlbad, Fahlbaz) хам ёд мешавад. Маънои калимаи «Борбад» дар забони пахлави (форсии миёна) «ба мартабаи бузург ё ба бори бузург расидан» аст. Сарвари ромишгарони дарбори шоханшощи сосони Хусрави Парвиз (хукмрони 592-628). Асосхои амалию назарии шеъру мусициро аз падараш, ки мусицидону фархангии шинохтаи замонаш буд, омухтааст. Фаъолияти омузиши ва хунарандузиаш асосан дар Марв (Марвичахон), ки аз бузургтарин марказхои фархангии замони Сосони­ён буд, чараён гирифтааст. Мувофики ахбори манобеи хаттии арабизабон, форсии точики, армани (ал-Чохиз, 775-818; Ибни Хурдодбех, фавт 912; Масъуди, фавт 957; Ибни Мукаффаъ, 721-757; Абулфарачи Исфахони, 897- 967 ва дигар) хонаводаи Борбад такрибан солхои 588-90 ба ин шахр кучидааст. Борбад аз овони чавони аз донандагони шеъ­ру мусики овозхони, сознавози ва асосхои назарии мусикиро омухта, дар асоси «Готхо», «Яшт», «Ясно» таронахои гуногунмавзуи мавсимию маросими эчод менамо­яд. Дар шаклу анвои шеърию мусикии «транак» (tranak – тарона), «чикамак» (chikamak – чакома), «срут» (srut – суруд), «патвожа» (patwajak) ва гайра асархо меофарад ва чун сароянда, навозанда ва шоири боистеъдод ба камол мерасад. Асари силсилавии мусикии Б. «Хусравони» («Срути Хусравоник» – Xusrawanik, «Хусравони bor» – «Суруди Хусравони»), ки дар манобеи адабию таърихи ва мусики бо номхои «Дастони Хусравони», «Рохи Хус­равони» ва дар араби бо унвони «Тарикату-л-мулукия» машхур аст, бинобар тавзеху тавсифи мусикидонон аз аввалин мачмуи мухташами устодонаи созию овози дар таърихи тамаддуни мусикии мардуми эрони ва умуман Шарк мебошад. Ин асар мачмуи ситоишии хамосию таъ­рихи буда, ба шоханшохи сосони Хусрави Парвиз (590- 628) бахшида шудааст. Борбад инчунин силсилаи дигари мусикиро бо номи «Сраишник» – Srayishnik сохтааст, ки дар сурудхои он табиат, сиришту такдири инсон, корнамоии пахлавонон ва гайра ситоиш гардидаанд. Дар манобеи хатти («Китобу-т-точ»-и ал-Чохиз) ин силсила бо номи «Сарвад Хунавак» – Sarwad hunawak (сурудхои хушоханг, замзамаи сохту таркибан ситоиши) бештар ёд шуда, дар ташаккули мачмуи мусикии тавсифии оянда накши муассир доштааст. Борбад дар дарбори шоханшохони сосони ба мартабаи «сарвар», «шохи ромишгарон» мерасад.

Фаъолияти эчодии Борбад дар дарбор дар хамкори бо мусикидонон, хунарвароне чун Накисо, Саркаб, Бомшод, Ромтин, Озодвори Чанги, Гесуи Навогар рангину пурбор гузашта, мачмуи зиёди суруду охангхои маросимию мавсими эчод менамояд. Дар адабиёти илмии мусикии форсии точики ва арабизабон (Фороби, Котибии Хоразми, Ибни Зайла, Насируддини Туси ва дигарон) намунаи барчастаи таснифоти устодонаи мусикиро дар мисоли мачмуаи силсилаи Борбад «Тарикату-л-кадимия», «Тарикату-л- Фахлизия», «Форсиёт», «Форсивонсуруд» натичагири кардаанд.

Оид ба зиндаги ва эчодиёти Борбад дар манобеи хаттии тоисломи, давраи исломии асрхои миёна тавсифоти зиёд зикр ёфта, аз шухрат ва махорати эчодию ичроияш бисёр сухан меравад. Уро муаллифи 30 лахн, 365 охангу тарона, 7 дастони «Хусравони», бунёдгузори сабки «Марвисраишних» (марвихони), муассису танзимгари «таквими мусики» дар тамаддуни мусикии мардуми Шарки Миёнаву Наздик, тадвингари аввалин мактаб, равняи устодонаи ичрои ва гайра донистаанд. Ихтирооти мусикии Борбад вокеан дар шаклгирии бисёр жанру анвои на факат мусикии мардуми эрони, балки дигар халкхои Шарк заминаи асоси гузошт. Хусусан 30 лахни Борбад аз ихтирооти нодири созию овози махсуб ёфта, минбаъд асоси шуъба, гуша, шохахои созию овозии макомхо (12 маком, 12 парда, «Хафтдастгох», «Шашмаком») гардидаанд. Дар маъхазхои хаттии таърихию адаби (фархангхои форсии точики, достони «Хусрав ва Ширин»-и Низомии Ганчави ва гайра) ному адади си лахни Борбад ба таври гуногун омада ва номхои асосии он тибки манобеи хаттии мусики ва манзумаи Маликушшуаро Бахор чунин аст: «Ороиши Хуршед», «Ойини Чамшед», «Авранги», «Боги Ширин», «Тахти Токдис», «Хуккаи Ковус», «Роху рух», «Фаррухруз», «Ромиши чон», «Сабз дар сабз», «Сарвистон», «Сарви сахи», «Шодурвони Марворид», «Шабдиз», «Куфли руми», «Ганчи бодовард», «Ганчи сухта», «Кини Эрач», «Кини Сиёвуш», «Мох бар кухон», «Мушкдона», «Марвои нек», «Мушкмоли», «Мехргони», «Нокус», «Навбахори», «Нушинлабон», «Нимруз», «Нахчиргон», «Ганчи гов». Си лахн ва дигар таснифоти Борбад вокеоти таъ­рихи, фарханги, чашну маросимхо, корномаву чахонкушоихо, саргузашти родмардони таърихи бостони марду­ми эрониро баён намудаанд. Борбад ба сифати устоди фархангистони (ramishsray) хунари Сосониён дар табакабандии даста, гуруххои хунари, коргузории гуруххо (мусикии дарбори, мусикии харби, мусикии маросими, мусикии разми, мусикии базми ва гайра) хидмати шоиста намуда, ба­рои хар гурухи хунари таснифоти мусики сохтааст. Хар дастаи тартибдодаи Борбад худ рохбаре дошт, ки онро «хуррамбош» (xwarambach) ва ё «хуниёких» (huniyakih), «хуниёкар» (huniyakar – рохбари мусики) мегуфтанд. Сарпарастии хамаи дастахои созию овозиро Борбад ба ухда дошт ва ин рутбаро «гасангуфт« (qasanqoft), гасанрийшних» (qasansrayishnih, яъне сарвару рахнамои сурудгуён, навозандагон) меномиданд. Борбад дар вусъати хунарии дастахои касбии ичроии беруназдарбории замони Сосониён бо номи «гасаник» – qasanik (сурудгуён), «гасангуфт» (qasanqoft), гавасан» (qavasan), гавасансроишан (qavasansrayishan – мутрибон, устодони сароянда, мусанниф), «равиустадан» (raviystadan – гуяндагони достонхои таърихию хамоси), «нивакустадан» (nivaqystadan – сознавозон, охангсозон, сароянда – навозамда) ва дигар табакаву гуруххои мусики низ сахми хосси эчодию ичрои доштааст. Низоми мусикии мураттабнамудаи Борбад дар рушди пояхои касбияти мусики, мавкеи ичтимои ва масъулияти ахли мусики дар чомеа накши мухим бозидааст. Борбад инчунин дар табака­бандии овозхои ичрои, яъне занона (зананик – zananik) ва мардона (мардикавач – mardikawach) асархои созию овози тасниф кардааст. Масалан, барои занони овозхои бо номи «Тахнис» (Tahnis) асархо офаридааст. Образ, шахсият ва мероси мусикии Бм дар осори хаттии форсию ара­бизабон зиёд ба калам омада (достонхои Фирдавси, Низоми, Амир Хусрав, газалу касоиди классикони форс-точик ва араб), рисолахои назарияви, таълифоти комуси (Фороби, Котибии Хоразми, Ибни Зайла, Насируддини Туси, Кайси Рози ва дигарон) ба накши у дар поягузории мусикии классикии мардуми Шарк бахои баланд додаанд. Хамчунин дар донишномахову тахкикоти назариявии замони шурави, пажухишгарони Аврупо доир ба сахми Борбад дар бунёди мачмуи силсилавии мусики, хосса санъати макомхони натичагирихои чолиб руйи кор омадаанд, ки ин хулосахо бар пояи ахбори муътамади хаттии замони Сосониён ва баъди тавзех шудаанд. Баробари дар санъати мусикии устодона (макомхо) таъсир доштани осори Борбад, инчунин яке аз сабкхо, шаклхои ичроию эчодии хеле кадимии мусики, ки дар анъаноти эчодиёти бадеии точикон накши муассир дорад ва он бо номи «Марви» (мавриги), «Марвича», «Марвихони» маъруф аст, бо шахсияти ин устоди мусики иртибот дорад. Ин сабки эчодию ичрои то имруз дар анъаноти мусикии точикон барчост. Шахсият ва осори Борбад чун хорикаи бузурги хуна­ри мавриди баррасии ахли тахкик, хунару адаби хар дав-ру замон будааст. Соли 1985 дар шахри Душанбе 1400-солагии зодрузи Борбад чашн шрифта шуд. Ба хотири абадигардонии шахсияти Борбад дар чумхури коху хиёбонхо ба номи Борбад номгузори ва доир ба дастовардхои мусики Чоизаи ба номи Борбад таъсис дода шудааст.

Адабиёт.: Визго Т. Музыкальные инструменты Средней Азии. Москва, 1980; Виноградов В. Классические традиции иранской музыки. Москва, 1982; Абдулло Ориёпур. Борбади ромишгар. Душанбе, 1989; Борбад, эпо­ха и традиции культуры. Душанбе, 1989; Борбаднома. Душанбе, 1989; Рачабов А. Сарнавишти хунёгар. Душанбе, 1989; Хамон. Борбад ва замони у. Душанбе, 2004; Хамон. Традиции классической музыкальной культуры эпохи Сасанидов. Душанбе, 2005; Борбад: эпоха, традиции и новаторство. Душанбе, 2010.                                                                                                                         

А. Рачабов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …