«БОНУГУШАСПНОМА» яке аз достонхои хамосиест, ки дар сабку равияи «Шохнома»-и Фирдавси, дар бахри мутакориб, такрибан дар асри 11 (дар хачми 900 байт) таълиф шудааст. Муаллифаш номаълум. Дар ин достон аз корнамоихо, чангу набардхои Бонугушасп – духтари Рустам сухан меравад. Дар достонхои «Бахманнома», «Барзунома» аз Бонугушасп ва чангхояш бо душманон ёд шудааст, вале вокеахо ва лахзахое, ки дар «Бонугушаспнома» тасвир шудаанд, аз достонхои номбурда фарк мекунанд. Дар ин достон аз чанги Бонугушасп бо шерону дарандагон, сахнахои шикори у, чангхояш бо баъзе амирону подшохон ва маглуб кардани онхо сухан меравад. Рустам хост, ки Бонугушаспро ба Гев – пахлавони номдор, писари Гударз ба зани дихад, вале Бонугушасп пеш аз завчаи Гев шудан ба набарди у бархоста, пируз шуд. Барои ин аъмолаш Рустам уро танбех дод. Дар достон инчунин аз набарди Бонугушасп бо Рустам ва писараш Фаромарз (пеш аз набард онхоро нашинохт) ёд шудааст. Дар ин набард Бонугушасп Рустамро мачрух кард.
Як нусхаи «Бонугушаспнома» дар Китобхонаи миллии Фаронса, нусхаи дигараш дар китобхонаи Музейи Британия мавчуд аст.
Г. Саъдиева.