Маълумоти охирин

БОНН

bonnБОНН (Воnn), шахр дар Олмони Гарби (музофоти Рейн- Вестфалия), дар сохили дарёи Рейн. Ахолиаш 324899 нафар (2010; бо ахолии шахрхои Кёлн ва Леверкузен зиёда аз 3 млн нафар). Маркази наклиёти, дар хайати системаи рохи охани баландсуръати умумиаврупои аст. Бандари дарёи ва аэропорти байналмилали дорад. Дар асри 1 то милод дар чойи истехкоми харбии легионерони руми (Кастра Боннезия) бунёд шудааст. Аз соли 1244 шахр. Аз соли 1815 дар хайати Пруссия. Солхои 1949-91 пойтахти ЧФО буд. Бонн маркази маъмурию сиёсии мухим асг. Баъди ба Берлин кучидани пойтахти Олмони муттахидшуда дар Бонн як катор вазоратхо ва дигар макомоти олии федерали, созмонхои байналмилали, сафоратхонахо, консулгарии бисёр давлатхо, намояндагихои ВАО боки монданд. Дар Бонн корхонахои нассочи, электротехники, фабрикахои истехсоли мебел барои идорахо, маводди канселяри ва дастгоххои табъу нашр фаъолият доранд. Соли 1990 Маркази илми-тахкикотии аврупоии пешкадами «Сезар» таъсис ёфт. Дар Бонн хидматрасонии молияви ва сугуртави васеъ ривоч ёфтааст. Сайёхи низ таракки кардааст. Дар Бонн донишгох (1777), академияи педагоги, кариб 20 институти тахкикоти илми, театрхо, толорхои консерт, консерватория, осорхонаи бадеии академи дар назди донишгох, осорхонаи бостоншиноси, таърихи дакик, Осорхонаи инфиродии Люд­виг ван Бетховен (дар Бонн таваллуд шудааст) ва боги ботаники мавчуд аст. Аз ёдгорхои меъмори Калисои чомеи романии Санкт-Кассиус-унд-Флоренсиус (асрхои 12-13), Калисои готии Санкт-Ремигиус (асрхои 13-14) боки мондаанд. Бонн чойи баргузории конгрессхо, анчуманхо, намоишгоххои байналмилали аст. Дар Бонн фестивалхои байналмилалии санъати театри, фестивали мусикии Бетховен ва фестивали филмхои беовоз баргузор мешаванд.

Адабиёт: Новая российская энциклопедия. Т. 3 (1). Москва, 2005.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …