Маълумоти охирин

БОНК

bonkБОНК (аз итал. banco – нимкат, харак; дукони сарроф), муассисаи махсуси молиявиест, ки барои анчоми корхои чамъовари ва идораи раванди хисобу китоби маблагхои пули, ба муомилот баровардани маблагхои карзи ва ди­гар амалиёти молияви таъсис дода мешавад. Бонку бонк­дори дар аксои чахон, аз чумла сарзамини таърихии точикон, собикаи ганию тулони дошта, вобаста ба сиёсати чории молиявии замона хидмати давлату ахолиро ба со­мон расонида, даврахои гуногуни ташаккулу такомулро аз сар гузаронидааст. Бонкхо дар ибтидо ба сифати дукону идорахои хурде амал карда, танхо амалиёти гуногуни пулиро анчом медоданд. Баъдан ба корхои саррофи ама­лиёти кредитию карздихи зам шуда, боиси пайдоиши судхори гардид, ки дар осори таърихи-бадеи муфассал инъикос ёфтааст.

Мувофики маълумоти маъхазхои хатти ва хафриёти бостоншиноси дар даврони тоисломи гузаштагони халки точик, аниктараш шохони давлатхои ориёнтабор, бо максади хифозати пулу моли кимати, ганоими гаронбахои чанги, чамъовардахои молиёти ва ганигардонии хазинаи давлати худ аз анбор ва сандуку хамбахои хурду бузург истифода мебурданд, ки хизона (хазина) (чойи нигахдошти пулу чавохирот), сандуки давлат, ганчина (ганчдон), махзан ва гайра ном дошта, ганчнома (санаде, ки дар он чойи пинхон кардани ганчу сарват ва микдори ашёи гаронбахо нишон дода мешавад) содир менамуданд. Махалли хифозати дороихои пулию молии давлат (подшох)- ро ганчдорону хазинадорону анбордорон ихтиёрдори, саррофон (пулшиносу заршиносон – шахсони фарккунандаи пулу зари холис (сара) аз носара (калб, сохта), ивазкунандагони пуле ба пуле хидматгузори мекарданд; асосан пул (танга)-хои филиззи (тило, нукра, мис) сикка мезаданд, ки дар руяшон ном ё акс (ё ному акс)-и подшохи замон зарб мешуд.

Агарчи суннату низоми бонку бонкдории точики ба маънои имрузии он дар давраи исломи (то ибтидои асри 20) собикае надорад, мусаллам аст, ки барои пешбурди анвои фаъолиятхои иктисодию молияви кавонину мукаррароти хоссае вучуд доштаву дар мамолики пешрафтаи исломи пулхои филиззию когази ва асноди тичори дар гардишу муомилот буданд.

Хануз дар асри 8 пеш аз милод дар Бобилистон ба кабули маблагхо пардохта, барояшон фоиз медоданд, ба мардум карз дода, когазхои бонки мебароварданд. Бонкдорон ба сифати кафили амалиёти пули, мушовиру муътамадони чонибхои шартномабанду амалиётгузарон ва маблаггузори маъракахои тичорати амал мекарданд. Дар баробари бонкдорон муассисахои дини хам дар амалиёти калони пули ширкат варзида, асосан, пасандозу сарватхоро нигахбони мекарданд ва ба шахрдорихо карзхои фоиздори дарозмуддат медоданд.

Дар Юнони Кадим сохтори ба дарачаи кофи инкишофёфтаи бонки вучуд дошта, накши бонкхоро ибодатгоххо ичро мекарданд. Дар асри 4 пеш аз милод дар Афина трапезитхо (саррофон), ки номашон аз вожаи юнонии «трапеза» (trapera – миз) баромадааст, ракиби ибодатгоххо гардида, корхои карздихи ва дигар амалиёти пулиро ба дасти худ гирифтанд. Корхои бонки дар Мисру Рум хам дар заминаи дастовардхои Юнони Кадим ривочу равнак ёфтанд.

Таърихи бонкдории имруза аз давраи инкишофи ама­лиёти бонки дар асрхои 14-16 дар шахрхои Итолиёи Шимоли ва Ганза сарчашма мегирад. Дар давоми дусад соли баъдина дар Аврупо, махсусан дар Амстердаму Лондон, бонкхои бисёри тичорати ба майдон омаданд. Зинаи навбатии рушди низоми бонкдори алокаманди пайдоиши бонкхои давлатист, ки нахустинашон Бонки Англия (соли таъсисаш 1694) буда, густараи амалиёти бонкиро вусъат бахшид.

Дар асри 19 бонкхои дигари давлати пайдо шуданд, ки Бонки давлатии Фаронса (соли 1800 аз чониби Наполео­ни I таъсис ёфтааст), Бонки Австрия (1816), Бонки мил­лии Белгия (1825), Бонки миллии Рус (1860), Бонки мил­лии Итолиё (1866) аз хамин кабил буда, хамкориро бо бонкхои хусуси чунон ба рох андохтанд, ки дар сохаи муносиботи иктисоди хар яке макоми хоссаи худро сохиб гардид. Бар илова, дар асри 19 ташкил ёфтани бонкхои сахоми инкилобе дар корхои бонки ворид овард. Ин гуна бонкхо на мутааллики шахсони алохида, балки ман­суби сохибони сахмия (пай)-хо буда, сабабгори зуд афзудани микдори сармоя ва шумори амалиёти бонки гардиданд. Хамзамон, бонкхои махсусгардонидашудае, монанди Бонки фуруши лавхахои Британия, Бонки савдои бахрии Пруссия, Хазинаи хисоби Порис, муассисахои гу­ногуни карздихандае, шабехи бонкхои ипотеки, бонкхои халки, бонкхои косиби, хазинахои карзи, ломбардахо ба фаъолият огоз намуда, мутобики амалиёти мегузаронидаашон ба бонкхои эмиссиони, депозити, чеки чудо шу­данд. Дар ибтидои асри 19 Лондон ба сифати маркази асосии молияи чахон чойи Амстердамро гирифта, то саршавии Чанги якуми чахони (1914—18) ба туфайли рушди бонкхои тичорати таъсираш дар холи афзоиш буд.

Макоми бонкхо дар низоми иктисодии имрузаи чахон нихоят бузург буда, хусусияти фарккунандаи рушди кунунияшон дар инкишофи консентратсияи онхо мебошад. Дар ибтидои асри 21 дар иктисодиёти чахон гурухи хурди бонкхои трансмилли макоми аввалияро сохиб гардиданд, ки амалиёташон мамолики зиёдеро фаро гирифта буд.

Баъди пирузии Инкилоби Октябр низоми бонкин Федератсияи Руссия ва Итгиходи Шурави табаддулу тахаввули чиддиеро мувочех гардида, дар нихояти кор баргузории тамоми амалиёти пулию молии дохилию хоричии мамлакатро се бонки асоси: Бонки давлатии ИЧШС. Бон­ки сохтмон, Бонки савдои хоричи ва кассахои давлатии захирахои мехнати дар ихтиёр доштанд, ки сохиби «нусхахо»-и мувофике дар ташкилахои зертобеи сохтори дав­лат, монанди чумхурию кишвару округу вилоятхои мустакилу мухтор, аз чумла Точикистон, буда, кулли фаъолияташон аз марказ идораву назорат ва рахнамоию бахо­гузори карда мешуд.

Вазифаи асосии бонкхои муосир миёнарави дар чараёни гузаштани маблагхои пули аз карздихандагон ба карзгирандагон ва аз фурушандагон ба харидорон буда, дар дигар амалиёти мухталифи молияви хам ширкат меварзанд ва ба муштариёнашон хидматхои гуногун мера­сонанд. Вобаста ба самти фаъолияти бонки дарачабандии муштариёни асоси ва махдудиятхои конунгузорн дар сохаи фаъолият бонкхо чанд навь мешаванд.

Бонкхои маркази (central banks) сиёсати пулию карзии ин ё он давлатро ба рох андохта, фаъолияти муассисахои молиявиро назорат мекунанд, барориши пулу когазхои киматноки давлатиро анчом медиханд, намояндаву химоятгари манфиатхои давлат дар хисоббаробаркунихои баиналмилали мебошанд.

Бонкхои сармоягузор (investment banks) маблагхоро чамъ оварда, барои маблаггузории ширкатхои саноати ва дигар муассисаву корхонахо истифода мебаранд; дар чараёни барориш ва чойгирсозии когазхои киматноки муштариёнашон ширкат варзида, хамчун кафили чойгирсо­зии (underwriters. sellers) когазхои киматнок амал меку­нанд ва дигар амалиёти шабехи амалиёти бонкхои тичоратиро сомон медиханд.

Бонкхои тичорати (commercial banks) ба муштариё­нашон дар бобати пешбурди суратхисобхои чори, додани кредитхову карзхои тичорати ва гайра хидматхои мухталиф мерасонанд. Муштариёни асосии бонкхои тичорати шахсони алохида ва корхонахое мебошанд, ки фаъолияти чории истехсоли, савдо ва умури дигари тичоратиро анчом медиханд.

Бонкхои амонати (saving banks) маблагхои озоди ахолиро дар шакли пасандозхои дархости, пасандозхои фаври ё ухдадорихо аз руйи вомбаргхо чамъ оварда, маблагхои чамъомадаро барои додани карзхои кутохмухлат ва дигар амалиёте, ки нигахдории сатхи муайяни бозоргириро таъмин месозанд, истифода мебаранд.

Муассисахои бонкии таъйиноти махсус (specialized bank) ба муштариён хидматхои гуногун мерасонанд:

– карздихи тахти гарави замин ё амволи гайриманкул (бонкхои ипотеки – mortgage bank); – додани карзхои истеъмоли дар шакли карзхои кутохмухлат ва миёнамухлати истехлокшаванда барои харидани тачхизоти саноа­ти ё молхои истеъмолии истифодаи дарозмуддат (industrial bank, moneu trading bank); – пешбурди суратхисоби муштариён (factoring), идораи портфелхои сармоя дар

сатхи машварат ё идораи боварноки когазхои пуркимати барои нигахдори супурдашуда; – нигахдории амволи гаронбахо, кирояи сейфхо, кирояи ашёи гаронбахо, ичрои супоришхои биржави ва гайра.

Мутобики худуди чойгиршави бонкхо ба гурухи махалли (минтакави) ва хидматрасони чанд минтака, саросари мамлакат, байналхалки чудо мешаванд. Дар амал, одатан бонкхо чанбаи асосии фаъолияташонро риоят кар­да, комбинатсияи амалиётро таъмин медоранд.

Дар миёни меъёрхои таснифи муассисахои карздиханда аломати сохибмулки чойи асосиро ишгол карда, дар ин замина бонкхо ба гунахои давлати, сахоми, кооперативи, хусуси, мунисипали ва омехта таксимбанди меша­ванд. Барои бонкхои давлати аломати асоси давлати будани моликият дар сармояи бонки ба хисоб меравад.

Вобаста ба хусусияти амалиёти ичрошаванда бонкхоро ба навъу дастахои гуногун чудо мекунанд. Аз чумла баргузории амалиёти мухимми молиявии давлати маъмулан бар ухдаи бонкхои маркази (милли, халки) вогузор карда мешавад. Онхо дар асоси дастури хокимияти конунбарори мамлакат амалиёти ба гардиш даровардану аз гардиш баровардани пулро ичро кунанд. Вазифаи асосии чунин бонкхо мустахкамкуниии макоми вохиди пули дар дохилу хоричи мамлакат мебошад.

Одатан бонкхои эмиссиони ба корхои кредитдихи ба хочагии халку ахоли машгул намешаванд; анчоми чунин амалиёт ба салохияти бонкхои тичоратие дохил мешавад, ки ба муассисахо ва шахрвандони алохида карзхои гуно­гун пешниход мекунанд. Аз руйи мухлат карзхои пешниходшаванда, асосан метавонанд дарозмухлат ё кутохмухлат бошанд.

Бонкхо, хамчунин аз руйи аломати хочагидориашон, метавонанд саноати, тичорати, кишоварзи ва савдои беруни бошанд. Дар амалияи чахони, хамчунин бонкхои амо­нати, депозити, инвеститсиони ва ипотеки фаъолият ме­кунанд, ки вазифаи асосиашон чамъкунии маблагхои озоди пули, чалби пасандозхо (депозит) ва истифодаи онхо, аксаран барои карздихи мебошад.

Макоми олии бонк мачлиси умумии сахмгузорон бу­да, рохбарии умумии фаъолияташро шурои бонк амали мегардонад, ки мушохидаву назорати кори раёсати бонкро хам бар ухда дорад. Раёсати бонк рохбарии бевоситаи онро пеш бурда, дар назди мачлиси умумии сахмдорон ва шурои бонк масъул (хисоботдиханда) мебошад. Дар назди раёсати бонк, одатан кумитаи карздихи ва комис­сияи тафтишот таъсис дода мешавад.

Бо максади таъмини шаффофияти фаъолияти бонкхо ва дастрасии маълумот оид ба вазъи молиявии онхо тавозунномаи солонаашон, ки аз чониби мачлиси умумии сахмдорон тасдик ёфтааст, хамчунин хисоботи даромаду харочоташон (баъди тасдики муътамадии маълумоти пешниходкардаи онхо аз тарафи муассисаи аудитори) дар васоити ахбори умум чоп карда мешавад.

Ба хотири таъмини хидматрасонии саривактии корхонаву муассисахо – мизочони худ, ки дуртар аз макоми чойгиршавии идораи марказии бонкхо карор доранд, бонкхо метавонанд дар он чойхо (минтакахо) филиалу намояндагихои худро ташкил диханд. Филиалу намояндагихои бонкхо корхонахои зертобеи таркибие хисобида меша­ванд, ки дуртар аз кароргохи маркази чойгир шуда, ха­маи ухдадорихои бонк ё кисме аз онхоро анчом медиханд. Филиалу намояндагихо шахсони хукуки ба хисоб нарафта, танхо хамон амалиётеро ичро мекунанд, ки анчомашон мушаххасан аз чониби Сарбонк, дар асоси ичозатномаи Бонки маркази, бар ухдаи онхо вогузор шуда бошад. Карордоду шартномахоро аз номи Сарбонки таъсисдодаашон тахияву тасдик мекунанд.

Дар Чумхурии Точикистон анвои гуногуни бонкхо, монанди Бонки миллии Точикистон, «Агроинвестбонк» (ЧСК), «Амонатбонк» (БДА Точикистон), «Бонки Эсхата», «Ориёнбонк» (ЧСК), «Сохибкорбонк» (ЧСК), «Точиксодиротбонк» (ЧСК), «Точпромбонк» (ЧСП) «Фононбонк» (ЧСК) ва филиалу намояндагияхояшон амал мекунанд, ки фаъолияташонро Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бо­раи Бонки миллии Точикистон», Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи фаъолияти бонки» ва дастуру низомномахои гуногуни сохави ба танзим медароранд.

Адабиёт: Оймахмадов М., Рахимов Ш., Рахматова Г. Фарханги истилоцоти байналмилалии бонкдори. Руси – англиси – точики, Душанбе, 1999.; Новая российская энциклопедия. Т. II. Москва, 2005.; Шариф Рахимзода. Муомилоти пули ва карз. Душанбе, 2008.

Ш. Рахимзода.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.