БОНКИ ХОРИЧИ, бонке, ки пурра ё кисман ба сармояи хоричи (хусуси, коллективи ё давлати) тааллук дошта, асосан ба манфиати он хидмат мекунад. Бонкхои хоричи амалиёти тичоратии бурунмарзи анчом дода, камбуд (дефитсит)-и тавозунхои пардохт ва бучаи давлатро маблаггузори мекунанд, доираи фаъолияти корпоратсияхои саноатии трансмиллиро васеъ намуда, амалиёти гуногуни дигар, масалан, маблаггузории лоихахо, рушди хадамоти итгилоотию машварати, идораи корпоратсияхои трансмилли ва гайра анчом медиханд. Фаъолияти Бонки хоричиро конунгузории миллии давлате, ки бонк дар он карор дорад, танзим менамояд.
Ш. Дустбоев.