Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОНИТЕТИ БЕША

БОНИТЕТИ БЕША

bonitasБОНИТЕТИ БЕША (аз олмонии bonitat, лотини bonitas – хушсифати, хушсифат будан), нишондоди махсулнокии беша, ки ба мухити иклиму хок вобастаги дорад. Бонитети бешаро аз руйи баландии миёнаи дарахтон муайян мекунанд, ки барои бозрасии хочаги ва ташкилу танзими хочагии чангал мухим аст. Чадвали ба бонитет чудо кардани дарахтзорро аввалин бор олими рус М. М. Орлов (1911) пешниход кардааст. Аз руйи чадвали у дарахтзорро ба 5 гурухи бонитет чудо мекунанд: асоси (I-V) ва иловаги (Iа, Vа, Vб ва гайра). Дарахтзори пурмахсул ба гурухи 1а, дарахтзори хосилаш паст ба гурухи Vб мансуб аст. Барои бонитети бешахое, ки аз тухм ва бехчаст сабзидаанд, чадвалхои алохида тартиб дода мешавад. Кади дарахт хар кадар баланд бошад, махсули он хамон кадар меафзояд. Барои дарахтзори хеле сермахсул Бонитети бешаи Vб ва Vв мувофик аст. Мукоисаи бешазор аз руйи нишондоди баланди барои дарахтзори хамсол (синну соли баробар) пешбини шуда­аст. Аз ин ру, хангоми аз руйи баланди муайян кардани Бонитети бешаи дарахтзори синну соли гуногун мумкин аст сахв рох ёбад. Бонитети беша барои ташкил ва танзими хочагихои чангал зарур мебошад.

Адабиёт.: Агрохин В. Г., Солодухин Е. Д. Лесная хрестоматия. Москва, 1988; Справочная книга лесника. Москва, 1989; Сенов С. Н. Лесоведение и лесоводство. Москва, 2005.                             

         К. Неъматчонова.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.