БОНИФИКАТСИЯ (фаронсави bonification, лотини bonus – рахмдил, хуб), а) баргардондани андозхои аз молхои содироти ситонидашуда (ба чониби содиркунанда) бо максади баланд бардоштани ракобатпазири дар бозори беруна (чахони); б) изофапардохт ба нархи моли дар карордод мукарраргардида, агар сифати он баландтар аз сифати шарти бошад; в) пардохти якдафъаинаи сохибони вом (заём) хангоми иваз шудани облигатсия ба когазхои киматноки арзишашон баландтар.
Адабиёт.: Оймахмадов М., Рахимов Ш., Рахматова Г. Фарханги истилохоти байналмилалии бонкдори. Душанбе, 1999.
Ш. Рахимзода.