Маълумоти охирин
Главная / Илм / БОНАПАРТИЁН

БОНАПАРТИЁН

bonapartБОНАПАРТИЁН (фаронсави Bonaparte, итолиёи Buonaparte), сулолаи императорони фаронсави, ки Наполеони I Бонапарт (соли 1804) асос гузоштааст. Насли Бонапартиён аз Флоренсия ибтидо гирифта, соли 1529 ба Корсика куч мебанданд; аз насл ба насл суду адвокат будаанд. Соли 1757 падари асосгузори сулола Карло Мариа Бонапарт унвони дворяни (ашрофи) гирифтааст. Намояндагони сулолаи Бонапарт дар Фаронса солхои 1804-14, 1815 (Наполеони I) ва 1852-70 (Наполеони Ш) хукмрони кардаанд. Дар давро­ни хукмронии. Наполеони 1 бар давлатхое, ки бо сардо- рии у Фаронса тасхир карда буд, намояндагони сулолаи Б. рохбар таъйин карда мешуданд: Жозеф Б. (1768-1844) дар солхои 1806-08 шохи Навполитан, солхои 1808-13 шохи Испания; Луи (Людовик) Б. (1778-1846) дар солхои 1806-10 шохи Холландия, Жером Б. (1784-1860) дар солхои 1807-13 шохи Вестфилия таъйин шуда буданд. Дар миёнахои асри 19 сулолаи Б. ба ду шоха таксим шуд, ки яке аз онхо ба сабаби зиддияти асосгузори он Люсен Б. (1775-1870) бо бародари Наполеони 1 хукуки сохиби моликият шуданро надошт. Ин шоха аз тарафи падари то соли 1924 пас аз фавти Ролан Бонапарт ва аз тарафи мо- дари – то соли 1962 бо марги Мария шохдухти юнони ва данияги идома дошт. Намояндагони шохаи сохиби моли­кият аз унвони шохзода (шохбону) Б.-ро истифода ме­карданд.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …