Маълумоти охирин

БОМИЁН

bomiyonБОМИЁН, номи вилоят ва шахри кухан дар маркази Афгонистон. Дар шимол Бомиё бо Самангон, дар чануб бо Газни ва Урузгон, дар шарк бо Баглон, Парвон ва Вардак, дар гарб бо Сарипул ва Гур хамсархад аст. Дар байни доманакуххои марказии ду силсилакухи бузургу машхур – Хиндукушу Бобо хамчун минтакаи сарсабзе вокеъ гар­дидааст. Масофаи он аз Кобул 217-245 км, баландиаш аз сатхи бахр 3000 метр. Дар гузашта дар фосилаи дахманзилии Балх мавкеият доштааст. Калимаи Бомиён дар «Бундахишн» «Бомикон» ё «Бомигон» ёд шуда, дар Авесто Voam-qien ва Bam-qien ба маънои дурахшону тобон омадааст, ки хар ду аз решаи авестоии «бо» «рушнои» сарчашма гирифтаанд. Сифати «бомих» дар забони авестои ба маънои «фурузанда» ва «тобанда» аз хамин реша муштак шудааст.

Мавкеияти чугрофи ва суди бозаргоние, ки ба туфайли убуру мурури бозаргонони Рохи бузурги абрешим ба унвони бочу хироч мегирифт, боиси ба яке аз бузургтарин марказхои ойини буддои табдил ёфтан ва падид омадани ёдгорхои меъмори ва осори хунарии буддои дар Бомиён гардид. Бомиёнро «Водии буддохои бузург» меномиданд, зе­ро дар дайрхои буддоии он ду мучассамаи бузурги Буддо ва дах маъбад вучуд дошт. Рохибону муътакидони Буддо хар сол бо иштироки шох маросими курбонии Mucchamaha prishad-ро дар пойи Буддо анчом медоданд. Баъди гузориши А. Fanche дар соли 1922 дар бораи водии Бомиён ва маъбадхои он то соли 1930, бостоншиносон кариб хар сол ба Бомиён омада тахкикот анчом медоданд. Дар натичаи хафриёту тахкикоти мазкур маълум гардид, ки Бомиён дар таркиби ачоиботи хафтгонаи Афгонистон макоми аввалро дорад ва табиат дар он ачоибот зебоихои худро чамъ оварда, дар дараи фулоди чой додааст.

Бутхои Бомиён ёдгори давраи Канишка буда, дар фосилаи 400 м аз хамдигар карор доранд. Яке аз он пайкари 53-55-метрии Буддо бо номи Солсол мебошад, ки бино бар маълумоти муаррихон онро такрибан ба муддати 30 сол (як насл) аз боло ба поин тарошидаанд. Кисмати поёнии он бистари сакумонанде дошта, кисмати болои бо зеварот ва сангхои гаронбахо, кисмати поёни бо ранги тилои пушонда шуда буд, ки бо мурури замон ранги он аз миён рафтааст. Мучассамаи дуввуми 38 м баланди дошта, «Шох Мома» номида мешуд. Мардум мучассамаи 55-метриро ба гунаи «мард» ва мучассамаи 38-метриро ба гунаи «зан» кабул кардаанд. Олимон акида доранд, ки мучассамаи бузург бо услуби юнонию мучассамаи хурд бо услуби гуптоии хинди сохта шудааст. Дар равоки мучассамаи 55-метри ду катор унсурхои мифологи ва иконографи эхсос карда мешаванд. Мучассамахоро Яъкуби Лайси Саффори хароб карда, кисматхои гаронбахояшонро ба Багдод бурда буд. Дар замони хучуми чингизиён дар мухосираи Бомиён яке аз наберагони Чингиз кушта шуда, чингизихо барои интиком гирифтан шахрро вайрон, мардумашро катли ом ва хар ду мучассамаро хароб карданд. Дар давраи хукмронии толибон 9-11 марти 2001 мучассамахо комилан тахриб шуданд. Насаби фармонравоёни махаллии Бомиён, ки ба шохони кушони расида, пеш аз ислом мулаккаб ба «шер» буданд, бар руйи сиккахои зарбшудаи эшон калимаи «шер» бо расмулхати кушони дида мешавад. «Шер» ва «шор» як калима дар ду лахчаи мухталифи шарки буда, маънои «подшох»-ро дошт ва маъхуз аз xboyriya-и форсии бостон аст, ки дар мутуни араби иштибохан «асад» тарчума шудааст. Ойини буддои дар асрхои нахустини исломи низ дар нохияи Бомиён ривоч дошт. Чунин вазъ то тасарруфи Яъкуби Лайси Саффори (870) идома ёфт. Баъдан ин мавзеъ вайрону тороч шуда, дучори фаромуши гардид. Гарчи баъдхо дар канори харобахои он шахри наве бунёд гардид, аз сабаби кохиш ва катъи даромад аз убури корвонхои тичорати Бомиён дигар эътибору ахаммияти гузаштаи худро пайдо накард.

Бомиён аз лихози вусъат баробари нимаи Балх буда, аз байни он руди бузурге чори мешуд, ки обаш барои обёрии мазраахо (зироат) истифода мегардид. Дар лугатномахо, бо истинод ба маводди таърихию чугрофи, аз вучуди кухандизи Бомиён ишора шудааст. Кишоварзи дар нохияи сардсери Бомиён ба таври кофи равнак надошта, ин холатро анвои мухталифи мева чуброн мекард. Чугрофиёнависони асрхои 10-13 Бомиёнро яке аз шахрхои мутавассити Афгонистон тавсиф кардаанд.

То миёнахои асри 10 «шер»-они Бомиён дар ин минтака хукмфармои дошта, баъдан номе аз онхо дар осори таърихи ба назар намерасад ва зохиран пас аз тасарруфи Бомиён тавассути Алптегин ва асорати шери Бомиён дар чанг фармонравоии ин хонадон бар нохияхои шаркии Хиндукуш поён ёфта, каламравашон замимаи хукумати Газнавиён шуд.

Адабиёт: Пугаченкова Г. А. Искусство Афганистана. Москва, 1966; Абдуллоев С. Чугрофиёи давлати Сомониён. X., 2001; Хамон. Фарханги Сомониён. Москва, 2001.

А. Хасанов. М. Хазраткулов.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …