БОЙЛ Чон Эндрю ( 10.3.1916-19.11.1978, Манчестер), шаркшиноси англис. Профессори Донишгохи Манчестер (1966). Падараш китобфурушу китобшинос буд, осори адабиро аз забонхои лотини, фаронсавии кадим, испониёи, пор- тугали ба англиси тарчума мекард. Бойл тахсили ибтидоиро дар назди падараш огоз карда, забонхои лотини ва юнониро омухт. Дар Донишгохи шахри Бирмингем як сол забони олмони, дар Донишгохи Берлин ва Донишгохи Гёттинген назди устодони худ Ханс Хайнрих Шедер ва Олаф Хинсен, Мартин Хартман забонхои форсии кадим, авестои, пахлави, араби, турки, таърихи кишвархои Шарк ва динхоро омухт. Пеш аз огози Чанги дуюми чахони ба Англия баргашт ва дар Донишкадаи мутолиоти шаркии Донишгохи Лондон ва Донишгохи Манчестер (1950-66) кор кард.
Беш аз 90 асари Бойл – китобхо, маколахо, тарчумахояш аз осори таърихии форс-точик ба табъ расидаанд. Бойл мутахассиси сохаи таърихи мугул буд. Дар ин бобат кори нисбатан мухимми у тарчумаи англисии «Таърихи чахонкушой»-и Чувайни (1958, дар ду чилд), тарчумаи бахшхое аз «Чомеъу-т-таворих»-и Рашидуддини Фазлуллох (1971), маколахои «Дар бораи алкобе, ки дар китоби Чувайни ба баъзе аз шохзодагони мугул дода шудааст» (1959), «Фармонравоии мугул дар Афгонистону Хинд ба ривояти «Табакоти Носири»-и Чузчони» (1963), «Рашидуддин нахустин таърихнигори чахон» (1968) ва гайра мебошанд. Ба калами Бойл чун устоди забони форси ва мухаккики адабиёти форси китобхову маколахое аз кабили «Адабиёти форсии имруз» (1957), «Умари Хайём: ахтаршинос, риёзидон ва шоир» (1975), «Солшумории сафархои Саъди» (1974), тарчумаи англисии «Илохинома»-и Аттор (1974), «Маснавихои мазхабии Фаридуддини Аттор» (1979), «Дастури забони форсии имруз» (1966) ва гайра тааллук доранд. 25 маколаи Бойл дар «Доиратулмаорифи ислом», 4 макола дар «Британника» ба табъ расидаанд. Бойл мухаррири чилди панчуми «Таърихи Кембричи Эрон» ва муаллифи яке аз маколахои он (дар бораи Элхониён) буд.
М. Диловаров.