Маълумоти охирин
Главная / Илм / БОФИ Абумухаммад Абдуллох

БОФИ Абумухаммад Абдуллох

imagesБОФИ Абумухаммад Абдуллох ибни Мухаммади Бухории Хоразми (фавт 1008, Багдод), факехи маъруфи шофеи, ки дар адабиёти араб, илми нахв, фасохату балогат, шеър, хитоба, бадехагуи ва ширинсухани шухрат доштааст. Аз Бофи Хоразм барои тахсили илм ба Багдод рафт ва хамон чо муким шуд. Шогирди Абулкосим Адулазиз ибни Абдуллохи Дорикии шофеи, ки пас аз даргузашти устод (986) ба чойи вай ба таълими фикх пардохт. Хамчунин аз ду донишманди маъруфи дигар – Абуисхок Иброхим ибни Ахмади Марвазии шофеи (фавт 952) ва Абуали ибни Абухурайра (фавт 957) фикхро омухтааст. Абутаййиби Табари (фавт 450) ва чанд тан аз машоихи машхури шофеи, аз чумла, Абуабдуллох Мухаммад ибни Иброхими Сонеии Хоразми (фавт 390), Абубакр Мухаммад ибни Бакр ибни Мухаммади Нуконии Туси (фавт 420) ва Али ибни Мухаммади Моварди (фавт 450) аз чумлаи шогирдони Бофи мебошанд.

Аз ашъори Бофи беш аз 20 байт то имруз расидааст, ки дар манобеи муътабар, аз чумла «Таъриху Багдод»-и Хатиби Багдоди, «Муъчаму-л-булдон»-и Ёкути Хамави, «ал-Бидояту ва-н-нихоя»-и Ибни Касир, «Ятамату-д-дахр»-и Саолиби, «ан-Нучуму-з-зохира»-и Ибни Тагриберди ва «Табакоту-ш-шофеияту-л-кубро»-и Субки оварда шудаанд. Аз маълумоти овардаи Субки ва Ибни Касир бармеояд, ки муосирони Бофи коил ба макоми баланди илмии вай будаанд ва уро ба хайси шахсияти бузурги дини эътироф мекардаанд. Номи Бофи дар «ал-Бидояту ва-н-нихоя» ва «Ятамату-д-дахр» иштибохан ба сурати «Бочи» дарч шудааст.

С. Махмадуллох.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …