Маълумоти охирин

БОЯЗИДИ ДАВРИ

boyazidi-davriБОЯЗИДИ ДАВРИ (Хирот – фавт 1576), хаттот, хушнавис ва шоири форс-точик (асри 16). Дар Хирот ба камол расидааст. Баъд ба Хиндустон хичрат намуда, дар китобхонаи салтанатии Акбаршох ба китобат машгул шудааст. Соли 1575 ба зиёрати хач рафт ва дар бозгашт ба Хиндустон соли 1576 дар наздикии бандари Сурат гарк шуд. Боязиди Даври дар хушнависи шогирди Миралии Хирави ва Мулло Мухаммадкосими Шодишох буд. Бино ба навиштаи хушнавис Мулло Котеи Хироти, Боязиди Даври хушнависи барчаста, беназир, чобукдаст ва кайфияти хатташ оли бу­дааст. Дар Хиндустони он замон хатти настаълик ва шикастаро касе мисли у хуб наменавиштааст. Акбаршох ба у лакаби «Котибулмулук»-ро дода буд. Боязиди Даври дар китобхо­наи салтанатии Акбаршох «Киссаи Хамза»-и Мулло Котеии Хирави (дар хамкори бо дигар хушнависон), нусхахои «Хусрав ва Ширин» ва «Дувалрони ва Хизрхон»-и Амир Хусрави Дехлави (охири дар китобхонаи давлатии иёлати Капур Тахлаи Хиндустон махфуз аст), «Юсуф ва Зулайхо»-и Абдуррахмони Чоми, «Гуй ва чавгон»-ро бо хатти зебо китобат кардааст. Нусхахои китобаткардаи Боязиди Даври дар китобхонаи Хазинаи авкофи Истанбул ва китобхо­наи хусусии хонум Парвини Шайбони (Эрон) мавчуданд Боязиди Даври табъи шоири низ дошт ва сохибдевон буд. Дар шеър «Довари» тахаллус мекард. Ашъори у дар тазкирахо сабт гардидааст ва тазкиранависон шеъри уро ситудаанд. У барои модари Акбаршох – Хамидабону бо номи «Мачмаъу-ш-шуаро» асаре гаълиф кардааст, ки дар он бехтарин намунахои шеъри 485 тан шоирони мугакаддим ва мутааххир ба тартиби алифбоии тахаллус чой дода шудаанд. Дар «Мачмаъу-ш-шуаро» аз ашъори Боязиди Даври маснави, касидахо дар мадхи Хамидабоную Акбаршох ва ду газал омадааст. Як нусхаи ин асар дар китобхонаи марказии Донишгохи Техрон тахти раками 2448 махфуз аст. Эхтимол меравад, ки ин китобро худи муаллиф бо хатти хуши рези настаълик китобат кардааст.

Н. Шарипов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …