Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОЯЗИДИ БАЁТ

БОЯЗИДИ БАЁТ

bayazid-bayotБОЯЗИДИ БАЁТ яке аз муаррихон ва ходимони силсилаи Темуриёни Хинд (асри 16). Зодгохаш Бухоро. Бародари Бахром Саккоии Бухорои. Бинобар тахаввулоти вокеахои сиёсии Мовароуннахр ба Машхад сафар карда, дар мадрасаи он чо ба тахсили илм пардохт. Боязиди Баёт дар Гардез ба хидмати шохзода Комрон Мирзо ворид гардида, муддате Хукумати Гардез, Нагаз ва Бангашро ба ухда дошт. Дар пайи киёми Шершохи Сури (1539-40) Боязиди Баёт дар Зинчон бо Хумоюн мулокот карда, яке аз мулозимони у гардид. Соли 1545 дар лашкаркашии Хумоюн ба Кандахор ва фатхи шахр иштирок намуда, хамрохи Байрамхон ба хайси сафир ба Кобул назди Комрон Мирзо – бародари модарчудои Хумоюн фиристода шуд. Пас аз фавти Хумоюн (1556) ба дарбори Акбар ворид шуда, ба вазифаи баковули таъйин гардид. Баъ­дан бо ёрии Абулфазли Алломи ба мансаби фармондехи вохиди сесаднафари баргумошта шуд. Худи Акбар ба Боязиди Баёт унвони «султони» лоик доииста, бо пешниходи Байрамхон идораи шахри Банорасро ба у вогузошт. Боязиди Баёт дар ин шахр ба чойи маъбади харобгардидаи Хиндувон мадрасае сохт, ки ин амр хилофи сиёсати «Дини илохи» буда ва сабаби норозигии Акбар гардид. Бинобар ин Боязиди Баёт аз дарбор дур гардида, 4 сол гушанишин шуд. Баъдан дубора ба дарбор чалб гардида, аз нав ба мансаби худ таъйин шуд. Соли 1575 рохи зиёрати Каъбаро пеш гирифт, вале дар бандари Сурот ба иттихоме махкум гардида, танхо баъди ду сол ба Макка ра­сид. У азм дошт, ки то лахзахои охири умр он чо бимонад, аммо пас аз истикомати 3-сола дар Макка, хабари ба асорати португалихо афтодани зану фарзанд ва наздикон Боязиди Баётро водор намуд, ки дубора ба Хинд (1582) баргардад. Баъди бозгашт дубора ба дарбор чалб гардид. Акбаршох бо максади гирдоварии вокеахои давраи хукмронии падараш фармоне бароварда буд, ки мансабдороне, ки аз рузгори Хумоюн хотирае доранд, онро бинависанд. Абулфазли Алломи тибки дастур ба Боязиди Баёт супориш дод, ки хотироти ху­дро тахия намояд. Боязиди Баёт дар Лохур аз сабаби пири ва бемории фалач хотироти худро ба котиби дарбори Акбар имло карда, дар шакли тазкирае бо номи «Хумоюн ва Акбар» (1591) фарохам овард. Боязиди Баёт хамчун таърихнигор, ки шохиди бевоситаи лашкаркашихои Хумоюн буд, китобро дар 4 фасл таълиф намуд. Дар навиштани хотироти худ баъ­зе санадхо ва номахои шахсиашро низ истифода кард, ки дар омузиши ходисахои забти Кобул, чангхои Хумоюн ва Шершохи Сури арзиши баланди илми доранд. Ходисахои 13-солаи рузгори Хумоюн (аз соли 1542 то соли 1555) ва вокеахои давраи хукмронии Акбар (то соли 1591) дар ин асар ба таври вокеъбинона дарч гардидааст.

Ф. Махмадуллоев.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.