Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Абулфазл ибни Муборак

Абулфазл ибни Муборак

АБУЛФАЗЛ ибни Муборак (1550, Аграи Хиндустон -1602), адиб ва шо­ири форсизабони Хиндустон, бародари Файзии Дакани. Падараш – Шайх Муборак аслан аз мардуми Яман буд. Абулфазл дар чавони илмхои маъмули замонашро мукаммал омухта, чанд муддат дар дарбори подшохи Хиндустон – Чалолуддин Акбар (хукмронии 1542 – 1605) вазифаи дабириро ичро кард.

abulfazl-muborakДар дарбор кори у равнак пайдо кард ва то ба дарачаи вазири расид. Соли 1599 Абулфазлро барои обод кардани шахри Да­кай фиристоданд ва азбаски дар миёни уву шохзода Салим (ки баъдтар ба унвони Чахонгир ба подшохи ра­сид) душмани буд, уро дар наздикии Сабзвор куштанд.

Абулфазл забонхои араби ва санскритро медонист. Дар илм­хои гуногун таълифоти бисёре дорад. Китоби «Акбарнома», ки таърихи хукмронии Акбар ва хонадони у ва «Оини Акбари», ки дар роху равиши хукумати Акбар аст, аз таълифоти уст. Китоби «Калила ва Димна»-ро бо номи «Иёри дониш» тахрир кардааст. Дар тарчумаи китоби «Махаб- харата» ва иншои «Таърихи алфи» ширкат варзидааст. Муншаоти у бо номхои «Мукотиботи Алломи», «Иншои Абуфазл» ё «Мукотиботи Абулфазл» маълуму машхуранд. Дар ахлок ва тасаввуф низ таълифот доштааст. Китоби «Хуют-ул-хайвон»-и Камолиддини Шофеиро (1342 – 1406) аз араби ба форсии точики гардонидааст.

Абулфазл дар ривочу равнаки забони форсии точики хизмати арзишманд кардааст. Вай хеле кушидааст, ки за­бони форсии точикиро аз калимахои мушкилфахму номатбуи забони араби тоза кунад ва ба чойи онхо лугатхои мустаъмали забони дариро бигузорад. Вай сабки душворфахми насрро тагйир дод. Номахоеро, ки аз дарбо­ри Акбар ба атроф мефиристонданд, ба услуби содаю равон менавишт. Дар онхо калима ва таъбирхои душвори араби кам буд. Абулфазл калима ва иборахои маъмули забони форсии точикиро бештар истифода мекард. Забон ва услуби асархои хурди у низ содаю равонанд. Абулфазл бо тахаллуси Ал­ломи газал, касида ва маснави сурудааст.

Адабиёт:. Стори Ч. А., Персидская литература. Био-библиографический обзор, том 1, Москва„ 1972.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.