Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Абрешим

Абрешим

Абрешим чист?. Абрешим ин нахест, ки аз пилла хосил мешавад. Абрешим аз кадамулайём маълум аст. Дар Осиёи Маркази кариб 4 хазор сол пеш кирмак парварида, абрешим истехсол мекарданд. Хитоихои кадим Абрешимро бинобар устувори ва бадошти хеле кадр менамуданд.

пиллаПиллаи аз хама кадимтарин аз бошишгоххои давраи неолита минтакаи шимолии Шанси (2200 – 1700 то милод) ва намунахои аввалини матои абрешими дар яке аз дахмахои Хитоии Чануби (475 – 221 то милод) ёфт шудаанд. Замонхои кадим мугулхо аз Абрешим зирех тайёр ме­карданд, ки чанговаронро аз зарби тир мухофизат менамуд. Нахи Абрешим аз ду гоз — сафедахои махсуси фибро­ин (70 – 80%) ва серитсин (20 – 30%) иборат аст. Серитсин моддаи часпак буда, наххои фиброинро мечаспонад. Дар таркиби нахи Абрешим мум, равган (1 – 1,5%), намакхои калий, натрий, калсий (1 – 1,5%) низ мавчуданд,

Нахи Абрешимии як пилла 400 – 1200 метр дарози ва  25 – 30 мкм гафси дорад. Гафсии Абрешим ба микдори наххои пилла, ки бо хам пайвастаанд, вобаста аст. Абрешим нахи табиии протеини мебошад. Сифати Абрешим ба зоти кирмак ва гизои он вобаста аст. Абрешим сохти хучайрави надорад ва фарки он аз дигар наххо дар хамин ме­бошад. Дар мавриди буридан, шакли секунчаро дорад. Ранги Абрешим вобаста ба зоти кирмак сафед, зард, гулоби, сабз мешавад. Ранги табиии Абрешим нисбатан камдошт буда, зуд мепарад.

матои абрешимиАбрешим ба таъсири рушнои ва ишкор кам (дар махлули 5-фоизаи NaOH зуд вайрон мешавад), ба таъсири кислотахои минерали бештар тоб меорад. Дар халкунандахои органикии мукаррари хал намешавад. Абрешим бадошт ва чандиру чилодор буда, хосияти хуби диэлектри ва гарминогузарони дорад.

Матои абрешими муносибати махсус мехохад. Онро дар махлулхои ишкордор тар кардан ва шустан мумкин нест; зери таъсири бевоситаи нури офтоб ранги матоъ парида, ноустувор мегардад. Абрешим дар саноати бофандаги, электротехника, авиатсия ва тиб истифода мешавад. Ниг. низ Пиллакаши, Кирмакдори.

Адабиёт: Ахметшин Н. X., Тайны Шелкового пути, Москва, 2002.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.