Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдуррахмонбег

Абдуррахмонбег

Абдуррахмонбег (1856, Бухоро – 1916, хамон чо), хофиз, охангсоз ва машшоки номии точик (асри 19). Зодгохаш Бухоро, аслу насабаш аз Насаф аст. Санъати сарояндаги ва навозандагиро дар Бухоро аз худ на­мудааст. Зимни хамнишини бо устодони «Шашмаком» Бобочалол Носирзода ва Бобогиёс Абдулганизода ба катори бехтарин хонандагону сарояндагони макомхои классики расидааст.

Абдуррахмонбег муддате дар дарбори мангитиён (Абдулахад) мутриб буда, дере нагузашта хизмати дарборро тарк мекунад. Абдуррахмонбег дар миёни ахли санъати мусикии Бухоро бо истеъдоди балан­ди сарояндагиву мутрибиаш ном бароварда, дар тартибу тадвини матни «Шашмаком» ва кисмхои созию овозии он сахм гузоштааст.

Бо саъйи у чандин манзумаи макомхо («Рисолаи Шашмаком», «Рисола дар шаш маком», «Рисолаи шашмакоми мусики») таълиф гардидаанд. Абдуррахмонбег ба кисматхои таронавии макоми «Наво»-и «Шашмаком» аз чихати матн ва саб­ки ичроиш тагйирот даровардааст. Абдуррахмонбег инчунин танбурнавоз ва охангсози сохибзавк буда, дар мизони таронаву навохои халки бо таъсири макомхои классики асархои шаклан мураккаб эчод намудааст. «Абдуррахмонбеги» аз чумлаи таснифоти машхури уст.

Адабиёт: Баёзи Шашмаком, Душанбе, 2008; Донишномаи Шашмаком, Душанбе, 2009.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …