Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдуррахими Низори

Абдуррахими Низори

Абдуррахими Низори (1770, Кошгар – 1848, Турфон), шоир ва хаттоти уйгур. Дар дарбори хокими Кошгар Зухуриддинбек котиби кардааст. Барои мактабу мадрасахои уйгури дар асоси асархои Хофиз ва Навои дастурхои таълими тартиб додааст: «Хоча Хофиз», «Навои» (1805).

Дар адабиёти уйгур нахустин бор 9 достони машхури адабиёти классикии форс-точик («Фарход ва Ши­рин», «Лайли ва Мачнун», «Вомик ва Узро», «Чахор дарвеш», «Махзун ва Гулнисо», «Масъуд ва Дилоро», «Робия ва Саъдин», «Дурр-ун-начот», «Малика ва шох»)-ро мураттаб намуда, ба хар яке аз достонхо дебоча навиштааст. А. беш аз 20 достон, 80 мухаммас, касида ва киссахо эчод кардааст.

Абдуррахим инчунин шеърхои Бедил, Навои, Хайём, Хофиз, «Шохнома»-и Фирдавси ва аз «Хазору як шаб» 370 хикояро ба забони уйгури тарчума намудааст. Куллиёти Навоиро ки- тобат кардааст. Нусхаи нодири он дар Ганчинаи дастнависхои шаркии Институти шаркшиносии Академияи Илмхои Чумхурии Узбекистон махфуз аст (№ 136).

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …