Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдуррахими Бихори

Абдуррахими Бихори

Абдуррахими Бихори Абдуррахим ибни Ахмади Сури Бихори (соли таваллуд ва вафот номаълум), лугатнависи форсизабони Хиндустон. Дар музофоти Бихор умр ба cap бурдааст. У ба во­ситаи фарханги худ «Кашф-ул-лугот ва-л-мусталихот» (таълифаш такрибан 1608), ки баъзан дар маъхазхо бо унвони «Фарханги шайх Абдуррахими Бихори» низ ёд шудааст, маъруф гардадааст.

Аз маълумоти дар дебочаи «Кашф-ул-лугот…» дарчгардида бармеояд, ки Абдуррахими Бихори тартиб додани фархангро барои конеъ гардонидани талаботи ёрон, бародарон ва фарзандону шогирдон, ки маънои калимоти араби, хусусан истилохоти тасаввуфро донистан мехостанд ва пайваста аз у мепурсиданд, огоз на­мудааст.

Абдуррахими Бихори барои анчоми чунин кор аз 15 фарханги форси-точики ва 7 фарханги араби истифода бурдааст. Дар ин фарханг Абдуррахими Бихори  ба халли мушкилот, маънихою матолиби девони ашъори Косими Анвор кушидааст ва зимнан калимахову истилохоти берун аз ин асарро низ мавриди шарху тавзех карор додааст. Аз асари Абдуррахими Бихори  фархангнависони баъдина чун сар- чашмаи муътамад истфода бурдаанд.

Адабиёт: Шахриёри Накави, Фархангнависии форси дар Хинду Покистон, Тошкент, 1341 хичрии шамси.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …