Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдурахмонов Шариф

Абдурахмонов Шариф

Абдурахмонов Шариф (1898, чамоати Куикозиёни нохияи Конибо- дом – 10. 2. 1983, Кургонтеппа), хо­дими хизби ва давлати, аз оилаи дехкон, яке аз иштирокчиёни фаъоли баркароркунии Хокимияти Совети дар Шимоли Точикистон.

Фаъоли­яти мехнатии у хеле бармахал огоз ёфт. Солхои 1915 – 25 ба хайси коргари корхонаи истехсоли нефти САНТО (холо КИМ), 1925 – 28 милитсионери Шуъбаи Корхои Дохилии шахри Конибодом, 1928 — 30 раиси Чамоати дехоти Махрам, 1930 -31 раиси батрачком, 1931 – 34 раи­си комичроияи нохияи Конибодом, 1935-37 котиби ташкилоти хизби ком­мунистии колхози «Точикистони Сурх», 1937 – 40 котиби аввали комитети хизби коммунистии нохияи Даштачум, 1940 – 44 раиси артели «Болшевик»-и нохияи Конибодом, 1944 – 46 раиси колхози «Точикистони Сурх»-и хамин нохия, 1946 – 50 котиби аввали ко­митети хизбии шахри Кулоб, 1950 – 58 раиси колхози «Октябр»-и нохияи Кургонтеппа ифои вазифа намудааст.

Аз соли 1958 нафакагири дорои ахамияти чумхурияви буд. Барои хизматхои бардавомаш дар хочагии халки чумхури бо ордену медал ва ифтихорномахо мукофотонида шу­дааст.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …